Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҳизби наҳзати ислом ҳеҷ гоҳ миллат набуду нест!

 

     Аъзои ҳизби наҳзати ислом, ки айни ҳол аксаран дар Аврупо кору зиндагӣ доранд, иддао мекунанд, ки онҳо «миллат»-анд. Фанатизми динӣ дар қалбашон он қадар чуқур реша давондааст, ки бо худро дар пешорӯи оина дидан гумон мекунанд, ки онҳо миллатанду ғами миллат «обу адо»-ашон кардааст. Миллате, ки як умр зери пойи онро шикофтанд, фарҳангу тамаддунашро дар доираи қавоини исломгароии тунд ботил унвон карданд. Ҳатто аз забон доштанаш шарм карданду номҳои зебои тоҷикиро ба хотири ғайриисломӣ будан инкору ширк фатво доданд.

   Метавон аз давои беасоси ин гурӯҳ, хонанда ва бинандаи азиз эҳсос кард, ки чун як туда наҳзатгароҳо натавонистанд миллатро аз пушти худнамоию дингароӣ тарафи худ моил созанд, роҳи дигари макру фиреб, туҳмату буҳтонро пеша карданд.

   Кабирие, ки як умр аз дину мазҳаб мегуфт, имрӯз ба хотири мутобиқ шудан ба ҳаёти давлатҳои аврупоӣ аз дин фаромӯш сохтаву истилои «миллат» барояш «муқаддас» шудааст.

   Бозиҳои сиёсии аъзо ва тарафдорони ҳизби наҳзат дар хориҷа акнун бо танг кардани фазои исломгароӣ ба «миллатсозӣ» майдони фаррох додааст.

   Кош ҳангоми сармояву хонаҳои дакаданг доштан дар Ватан Кабирӣ ёди миллат мекард. Саҳетар, ҳангоми дар кишвар кору зиндагӣ кардан ҳамеша дар пушти шуморидани маблағҳои ҳангуфти хоҷагонаш буд. Барои миллатсозӣ ва бедории миллат вақт надошт, аниқтараш парвое надошт. Зеро, худ бедор буду ҳушманд чӣ расад ба миллату бедории ӯ! Имрӯз, ки дар Аврупо ҳамчун шахси аз Ватан рондашуда ҳайрону сарсон мондааст, акнун миллату ҳамиллатон ба ёдаш мерасад. Миллате, ки ба ҷузъ хиёнат дигар наздаш ягон рисолат надорад.

   Кабирии маҷус имрӯз шикасти наҳзатиро ба паёмбарони олами ислом қиёс мекунад ва шояд худро дар садади ин шахсиятҳо баробар донад. Агар паёмбарони олами ислом дар замони худ барои хизмати дини поку беолоиши ислом кореро анҷом доданд, аммо Кабирӣ дар ин масири роҳ ба ғайр аз шӯрондану ҷанг андохтану хуни ноҳақ рехтан амиқан кореро анҷом надодааст.

   Бо кадом далел аз аҳли паёмбарону саҳобаҳои ҳазрати паёмбари охири замон худро дар мақоми онҳо медонад, хонандаи закӣ худ дар ин маврид хулоса барор!

   Биноан, ҳизби наҳзат ҳеҷ гоҳ миллат набуду нест. Миллат мову шумоем, ҳамдиёрони азиз, ки дар сардии Ватан сард ва дар ҳама ҳолатҳои хубу бад дар канори кишварем.

 

                                                                  Т.Назарзода, сокини ноҳияи

     Шамсиддин Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин