Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар мавриди пешниҳоди номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дарёфти ҷоизаи Нобелӣ

 

   Сокинони ноҳияи дурдасти Шамсиддин Шоҳин бо ҳисси баланди ватандорию ватандӯстӣ, эҳсоси гарми саодатмандию садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои марбутаи сатҳи давлатӣ ва дигар созмонҳои бонуфузи зидахл эҳтиромона хоҳиш ва муроҷиат менамоем. Мо ҳамагон насли хушбахту толеъбаланд, ки дар фазои сулҳу осоишта умр ба сар мебарем ва ободию пешрафти давлатамонро ҳар рӯз эҳсос мекунем ва ба заҳмату шабзиндадориҳои Пешвои муаззами миллат, ки тамоми ҳастии худро ба миллат ва рушди Тоҷикистон бахшидаанд, қоимем.

   Мо сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки баробари соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон, ҳамчун ноҳия дар харитаи кишвар сабт ёфтааст, ба ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром мегузорем ва ин шахси бузурги таърихиро ҳамчун чеҳраи муваффақ дар фазои сиёсии дохилию хориҷи кишвар эътироф ва бо доштани як Президенти мардумӣ ва бунёдгузор ва муаррификунандаи давлати нави тоҷикон дар миёни ҷомеаи ҷаҳон фахр мекунем. Маҳз ҷоннисорию азхудгузаштанҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари дар ҳоли нобудӣ аз вартаи сангинтарин набард-ҷанги гражданӣ вораст ва имрӯз ҳамчун кишвари дар ҳоли рушд дар тамоми дунё эътироф ва пешниҳоду таклифи кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ дорои мақом ва мартаба гардид.

   Воқеан, пешрафт ва шукӯҳфоии ҳар як давлат аз шахсиятҳои таърихии он хеле вобаста аст. Дар давраи роҳбарии ин марди хирад ҳамкориҳои давлатӣ миёни кишварҳои дуру наздик ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Давлатҳои дуру наздик, ки аз шинохти миллат ва давлати Тоҷикистон аз сари тамасхур ва эҳтиёт кор мегирифтанд, дар муддати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назари худро ба сиёсат ва мактаби давлатдории мо ба таври мусбӣ тобиш доданд. Ҳатто миёни ҳамсоякишвари мо Узбекистон, ки баъди пошхурии собиқ давлати Шӯравӣ, қариб, ки муносибатҳои дурусти дипломатӣ набуд, имрӯз як шароити фарогир ва ҳусни ҳамҷаворию ҳамдигарфаҳмӣ роиҷ гардидааст ва ин рӯйдод бешак ба дили бузург доштану сиёсатмадори варзида будани Пешвои муаззами миллат марбут аст.

     Ба ҳам овардани тамоми гурӯҳҳои даргир дар дохили мамлакат ва бунёди ҷомеаи мардумсолору дур аз кибру ғурур яке аз хизматҳои арзандаи ин марди шариф аст, ки ин таҷриба дар баҳси хомӯш сохтани ҷангҳои шаҳрвандӣ дар тамоми дунё таҷрибаи хеле нодиру тарғибкунанда маҳсуб меёбад.

   Мо сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ободкорию созандагии тамоми қишрҳои ҷомеа, ки имрӯз як бахши хеле муқтадиру тавонманданд ва бо дастгирӣ аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайи боз ҳам пешрафта гардидани кишвар ҷаҳду талош доранд, ҳамаҷниба хушбинем. Раванди корҳои созандагӣ башоратест аз дастгирии сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мо сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ифтихор аз ин масъулияти бузурги давлатсозии Пешвои миллат ҳамеша дар канори Ватан ва ин шахсияти бузурги таърихӣ хоҳем монд.

   Мо сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамеша бо Пешвои миллат ифтихор дорем ва ин шахси бузурги таърихиро эҳтиром ва хеле дӯст медорем!

   Бинобар ин, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар созмонҳои зидахл эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар пешниҳоди номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дарёфти ҷоизаи Нобелӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

  

Муроҷиатномаи мазкур дар машварати назоратии назди раиси ноҳия бо ҷалби доираи васеи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, фаъолону собиқадорони истеҳсолот ва дигар шахсиятҳои ҳавасманд қабул гардидааст.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин