Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Кору амали нек ҳамеша ғолиб аст!

 

   Ҳамагон медонем, ки баъди манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар кишвар аз соли 2015 инҷониб тарафдорони ин ташкилоти террористию экстремистӣ дар хориҷ аз мамлакат даст ба корҳои ғосибонаву камтаъсир нишон додани фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зада истодаанд. Ҳамин аст, ки онҳо бо ба роҳ мондани ба ном муборизаҳои ғоявӣ дар шабакаҳои иҷимоӣ бо фикрҳои ботилу дур аз ҳақиқат худро ҳамчун мусичаи бегуноҳ нишон додан хоста, ҳар як рӯйдоди неку амалигардидаро дар кишвари мо аз нуқтаи назари манфӣ баҳогузорӣ ва мардумро ба тавтеаву роҳгумандозӣ раҳнамун кардан мехоҳанд.

   Вале, мусаллам аст, ки ҳеҷ аз кору аъмоли ғайр поянда нест ва дер ё зуд назди ҷомеа ҳама бадномсозию бадгӯи чун оина рӯшан мегардад. Ба гунае, ки имрӯз тамоми аҳли ҷомеа дарк кардааст, ки ҳизби наҳзати ислом чӣ ташкилот ҳасту пушти бозиҳои сиёсии ин ташкилоти террористию экстремистӣ кӣ меистад. Воқеан, оташе, ки ташкилоту шахсиятҳои бадхоҳ дар ҷомеаи мо аланга андохтан мехостанд, оқибат онҳо худ туъмаи он гардиданд. Дигар ҷорзанию худсафедкуниҳо обрӯи рехтаро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат барқарору харида наметавонад.

   Ба ибораи дигар, амали нек, кору пайкори созанда дар ҳама давру замон ғолиб аст. Алорағми ҳама бадгӯию сиёҳкорӣ кишвари мо зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад ва мо ба ободонию пешрафти кишвари азизамон ҳамеша аз сари сидқу вафо муносибат хоҳем кард.

   Он арзагӯию сиёҳкории хонинони давлат ва миллати мо ақидаи созгори ҳамватанони моро, ки шаҳди талхи ҷанги шаҳрвандиро чашидаанд, дигар карда наметавонад. Зеро барои ҳар яки мо Тоҷикистони ободу зебо ва сулҳу осоишта лозим аст ва хушбахтона мардуми кишвари мо имрӯз дар муҳити созандаю амн кору зиндагӣ мекунанд ва ин барои мардум беҳтарин хушбахтӣ аст.

   Бинобар ин, бо қаноатмандӣ иброз медорем:-Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

 

 

Малоҳат Қурбонова, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин