Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Тероризм ва экстремизм-зуҳуроти замони муосир

 

Тероризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумур гардидааст,ки ба муқобили он якҷоя мубориза бояд бурд. Дар ибтидои асри 21-инсоният бо хатари ҷидди рӯ ба рӯ гаштааст,ки номи он «Тероризми байналмилалӣ мебошад. Тероризм ваифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш таҳдид ё истифодаи зуроварӣ расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ тағйири сохтиконститутсионӣ дар мамлакат, барангехтанини зоимиллӣ иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрӯз тероризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айни замон марбут ба амалҳои терористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои терористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузории онҳо ба мушоҳида мегардад. Ифротгароӣ дар кадом шакле набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад.

Қайд кардан ҷоизаст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон карда, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравиаст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат идеологияи илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа мафиатдоранд, ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гуруҳҳои терористии ба ном «Давлати исломӣ» «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Толибон» ва монанди онҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолиятдоранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои терористӣ пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Тероризм ва экстремизм ба дини мубини ислом ягон иртиботе надорад.

   Мо ҷавонону наврасон сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем васиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвоимиллатро дастгирӣ мекунем.

 

 

Директори муассисаи №3- ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Наҷмуддинов С

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин