Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Рӯйдоди нодир

 

                   

       Истиқлолият як неъматест, ки ҳар як махлуқ аз пайаш мегардад. Ва расидан ба онро мақсади ниҳоии худ медонад.   Истиқлолият дар истилоҳи сиёсӣ ба маънои тавон ёфтан дар идора кардани тамоми умури дохилӣ, хориҷӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ҳангоми ба даст овардани истиқлолият давлати соҳибистиқлол метавонад ҳокимиятро дар тамоми умур ба дараҷаи камол бирасонад. Давлати соҳибистиқлол давлатест, ки аз ҳеҷ кишвари дигар дар тамоми шууни зиндагӣ вобаста нест. Ҳеҷ давлати дигаре дар сиёсатоҳою роҳбурдҳои он мудохила карда наметавонад. Дар маҷмӯъ новобаста аст ба дигар давлатҳо. Зулму истибдодт ва тасаллути   як кишвар нисбати кишвари соҳибистиқлол роиҷ нест.   Истиқлолият аз муқаддасоти миллист. Ба даст оварданаш солҳою солҳо муборизаро тақозо менамояд. Чун ба даст омад ҳифзаш аз ба даст оварданаш барои соҳибистиқлол шудан басо гарон меафтад.

Миллати сарфарозу тамаддунофари тоҷик бо Сарварии фарзандони баору номус ва содиқ бо шаклу роҳҳои гуногун барои ба даст овардани истиқлолият дар масири таърих ҷонбозиҳо ва талош намуданд. Имрӯз, ки   миллати тамаддунофари тоҷик ба Истиқлолияти комили давлатӣ расидааст, месазад, ки сафҳаҳоти таърихро рӯгардон намоему номи муборакашонро, ки дар осорхонаи таърих зери ғуборанд, поксозӣ намоем. Номи хуҷастаю муборакашонро барои насли замони соҳибистиқлолӣ дар васоити ахбори омма рӯгардон намоем. То дарк кунем, ки нухбагони тоҷик даст болои даст дар замони ҳукмронии аҷнабиён монда намеистоданд. Ба ҳар роҳу восита баҳри раҳоӣ аз тасаллути аҷнабиён талош мекарданд. Дафинаю баёзҳоро рӯгардон намуда номи Спитамен, Деваштиҷ, Шераки диловар, Куруши Кабир, Иброҳими Зардушт, Муқаннаъ, Томирис, Абумуслими Хуросонӣ, Темурмалик, Ҳасани Сабоҳ, Восеъ, Ғаримади Сурх ва даҳҳо дигару дигарон, ки барои истиқлолияти марзу буми кишвари хеш силоҳ ба даст гирифта, ба муқобили тасаллути ғосибон ҷонбозиҳо намудаанд, ошно гардидем. То кадом дараҷа ба ҳадафҳояшон расиданд таърих шаҳодат медиҳад. Аммо номи покашон ҳамчун муборизи роҳи озодӣ абадан дар саҳифаҳои таърих нақши бориз гузоштааст. Ҳеҷ гоҳ аз ин саҳифаҳо пок нахоҳанд шуд. (Воқеан, дар ин росто ба хонандагон ва ҷӯяндагони чеҳраҳои ошно тавсия менамоем, ки барои жарфтар шиносоӣ пайдо намудан ба чеҳраҳои ин ашхос ба китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» )муроҷиат намоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки истиқлолият барои ягон қавму миллат туҳфа карда нашудааст ва намешавад. Истиқлолият дар кишвари мо-Тоҷикистон худ ба худ ба даст наомад ва касе онро бароямон бахшиш накард. Барои ба даст овардани истиқлолият мардуми тоҷик заҳмати зиёди рӯҳӣ, равонӣ, ҷисмонию ҷонӣ кашиданд. Адибону донишмандони гузашта дар расидан ба истиқлолият ва ба даст овардан озодӣ бо килки тезу бурро мубориза бурданд ва то тавон мардумро барои расидан ба ин рӯзи фирӯз таҳрик намудаанд. Ва то кадом андоза ба ин нияти олиашон расиданд таърих гувоҳӣ медиҳад. Онон таваҷҷуҳи авлавияти худро баҳри раҳоӣ аз чанголи бегонагон бахшида буданд. Ва дар бедории мардум саҳмгузорӣ намуданд. Дар маркази диққаташон ҳуввияти миллӣ қарор дошт ва бо ин роҳҳо мардумро аз хоби ғафлат бедор намуданд.

Ёдам ҳаст ҳангоми донишҷӯ будан дар толори бошукӯҳи «Хонаи афсарон»-и шаҳри Кӯлоб маҷлиси мутантан бахшида ба ҷашни ғалабаи Инқилоби Октябр бо иштироки зиёда аз 1,5 ҳазор нафар сурат мегирифт. Ҳама ба забони русӣ (шояд дар толор каму беш сад нафар ғайри тоҷик ҳузур дошт)   ҳарф мезаданд аз коргари одӣ то мансабдор дар бораи ғалабаи таърихии Иқилоби Октябр ва дастовардҳои он. Дар раванди маҷлис сухан ба омӯзгори адабиёти тоҷик адиб, адабиётшинос Иброҳим Шукрӣ доданд Мавсуф ба забони шевои тоҷикӣ ҳарф зада, дар доираи мавзӯъ шеър қироат намуданд. Дар ҳангоми сухангӯӣ ва баъди он ҳама аҳли толор истода каф мекуфтанд. Касе нияти нишастан намекард. Баъди такрор ба такрор ташаккур гуфтани садри маҷлис мардум нишаст. Барои мани он замон ҷавон ин бисёр аҷиб тофт ва дар зеҳнам нақш баст. Барои дарки ин ба омӯзгорони донишгоҳ, ки дар ҳақиқат олим буданд, рӯ овардам ва мақсадамро дарёфт накардам. Дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Наврӯзи оламоро- дар ҳақиқат иди миллӣ дар доираи донишҷӯёни факултаи филология дар сатҳи хеле сода таҷлил мешуд. Ҳамон таҷлили сода дар замири мо донишҷӯён нисбати миллат, забон расму оини миллӣ ва шинохти худ шӯълае боқӣ гузошт.

Алломаҳо, абармардони миллатдӯст Садриддин Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ва осори манзумашон ва Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» суннатҳои фарҳангӣ, анъаноти миллӣ ва худшиносиро дар осорашон хеле нозуконаю моҳирона тарвиҷу тарғиб менамуданд дар замони тасаллути абадқудрати Шӯравӣ. Бахусус, баъди хондани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар бораи тоҷикон, таърихи ин миллати тамаддунофар ва кӣ будани тоҷикон огоҳӣ ёфтем. Таърихи халқи тоҷик дар мактаби миёна умуман таълим дода намешуд, аммо дар донишгоҳҳо бошад бисёр сарсарӣ. Танҳо таърихи баъди инқилобиро меомӯзонданд.

Баъди бозсозӣ аз тарафи рӯшанфикрони тоҷик барои расидан ба аҳдофи миллӣ андешарониҳо рӯи кор омаданд. Нахуст барои расидан ба истиқлолияти забонӣ қонун дар РСС Тоҷикистон қабул карда шуд.          

         Насими истиқлолиятхоҳӣ ба вазиш омад ва дар кишвари паҳнои Шӯравӣ ҷумҳуриҳои собиқ яке пайи дигаре истиқлолияти худро эълон доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9,09,1991 истиқлолиятро бо хушҳолӣ истиқбол намуданд. Аммо садҳо афсӯс, ки ин хурамию шодиҳо дер давом накард. Душманони либоси гӯсфандӣ дар баркарда дар камин будаанд. Бо дастгирии хоҷагонашон оташи ҷангро дар байни миллат афрӯхтанд. Мусибати ҷанги таҳмилиро дар ягон қолаб қолабрезӣ кардан нашояд. Хисороти молию ҷонӣ беҳисоб гашт. Ҳазорҳо мардуми бегуноҳ кушта, ҳазорон муҳоҷирон иҷборӣ гаштанд. Садҳо хонаю мактаб, нуқтаҳои тиббию фарҳангӣ ва маишӣ ба коми оташ кашида шуданд. Хазинаи давлат тиҳӣ гашт. Аз харитаи ҷаҳонӣ шустани давлати тозаистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омада буд. Вазъи кишвар хатарзо гашта буд.

Фарзанди фарзони миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, ки қобилияти баланди зеҳнӣ, мафкуравӣ, тамаддунофарӣ, ҳуввияти миллӣ, ифтихори хештаншиносӣ ва нангу номуси миллӣ дошт, баҳри хомӯш кардани ин ҷанги таҳмилӣ сукони давлатдориро ба дӯш гирифтанд. Мухолифинро сари мизи гуфтушунид шинонд. Тавонист миллатро ба ҳам биорад ва ба ҷанги таҳмилӣ нуқтае томат гузорад. Ва миллатро ба ваҳдати сартосарӣ оварда расонид. Дар маҷмӯъ аз сӯг ба сӯр   Тоҷикистонро расонид ин марди тавонманди миллат. Иқтисодиёти кишвар дар муддате, ки барои таърих ҳеҷ аст, нумӯ кард, пеш рафт. Ин ҷаҳиши сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар зеҳни насли солҳои навадум ҳеҷ имкони ғунҷоиш надошт, амалӣ шуд. Садҳо км роҳҳои оҳану мошингард ва пулҳо сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд. Шаҳру ноҳияҳо симои худро куллан тағйир доданд. Биноҳои осмонхарош қомат афрохтанд. Корхонаҳои азим бунёд гардиданд.

        Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ки ҳамсинни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, на бинои маъмурӣ дошту на роҳи қирпӯш ва на муассисаҳои таълимию тиббӣ ва на фарҳангию маишӣ ҷавобгу ба талаботи замон. Имрӯз ба таври шинохтанашаванда тағйир хурдааст маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот. Роҳи байналмилалие, ки аз маркази ноҳия мегузарад, ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ сохта шуда. Зиёда аз 1000 метр пули мошингузар дар хизмати мардуму нақлиёт қарор дорад. Садҳо нақлиёти гаронвазн аз роҳу пулҳо убуру мурур намуда, бор интиқол медиҳанду мусофир мекашонанд. Муассисаҳои таълимию тиббӣ,варзишӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ муҷаҳҳаз бо фановарии навтарин дари худро ба рӯи муҳасилину ниёзмандон боз намудаанд. Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, қасри фарҳанг, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, бинохои маъмурии шуъбаҳои КАМ, ВКД,комиссариати ҳарбӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шуъбаи Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бонкҳои ва дигару дигар биноҳо, ки зодаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба маркази ноҳия ҳусну таровати дилнишин зам намудаанд.

       Дар арафаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбари ҶДММ «Сим-Сим» Умар Алимадов дар маркази ноҳия варзишгоҳи замонавии футболи хурд пешкаши варзишгарону варзишдӯстон гардид. ӯ аз ташаббусҳои созандагию бунёдкориҳои Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илҳом гирифта, мақсад гузошт, ки дар зодгоҳаш- ноҳияи Шамсиддин Шоҳин варзишгоҳ ҷавобгӯ бо тамоми талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд намояд. Ваъдааш қатъӣ,нияташ , ки созанда буд, варзишгоҳро дар сатҳи дархури айём сохта пешкаши варзишгарон намуд. Ҳамзамон ба масофаи қариб як км роҳро бо сифати олӣ қирпӯш ва ба масофаи 700 метр обпарто шинонд. Ба кӯмаки Алимадов Умар зиёда аз 200 метр девор андуда шуда, рангубор ва ороиш дода шуд. Дар ҳамин қадар масофа гулҳои рангоранг ва арча шинонда шуд. Ашхоси камбизоатро дастгирӣ намуда, як қисми ҳаётаи ононро деворбандӣ намуд.

 

Ҷ. Назрӣ-ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин