Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Аз ҳақиқат то бофтаҳои хаёлии Мирзо Салимпур доир ба натиҷаи пешакии интихобот

 

Ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони соҳибистиқлол сараввал ифтихормандии хешро бо он иброз менамоям,ки имрӯз сиёсати давлатдории мо таҳти сарварии шахси оқилу доно Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст, ки миллати сарбаланди тоҷикро зери як идеологияи устувору созанда муттаҳид созад . Онро мо дар баргузории интихоботи вакилон ба ҳама зинаҳои вакилӣ дар соли ҷорӣ шоҳид шудем.

   Шоҳиди он ҳам будем, ки ҳамдиёронамон бо як дили гарму руҳияи болида назди қуттиҳои овоздиҳӣ омада, ба хотири рушди ояндаи давлату миллат ба тарафдории номзадҳои арзанда овоз доданд.

   Ҳамаи ин дар маҷмуъ далолат аз амну осоиштагии мамлакат, демократияи саросарӣ, дуруст дарк намудану пайравӣ аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ва маҳз сарвари хирадманди мамлакат мебошад.

   Барои ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ин мояи ифтихор ва шараф аст ва мо низ аз ин инфтихор менамоем.

Аммо баъзе курбинону нотавонбинони миллату давлати тоҷик ин пешравию муттаҳидиро дидан намехоҳанд ва ба ҳар роҳу васила мехоҳанд дар чашми ҷаҳониён тоҷику тоҷикистониёнро пастфитрат нишон диҳанд.

Яке аз чунин фолбин(гадалка)-и асри 21 Мирзо Салимпур аз кадом як манбаъи дуруғ ё шояд бо орзуе хуфта дар хоб дида бошад, ки хизбе, ки шумораи аъзояш дар саросари Тоҷикистон аз 2 ҳазор нафар беш нест (манзури мо ҲСДТ) қариби 29%-и овозҳои интихобкунандагонро гӯё дар интихобот соҳиб гардида бошад. Бо назардошти мавқеи шаҳрвандӣ аз «оғо»-и Мирзо Салимпур як чизро пурсиданием, ки ҳамон манбаъатонро бозгашта такрор ба такрор назар карда бинед, ки шояд хато карда бошед ва ё ба бофтаи хаёлии навбатӣ мехоҳед қалбҳоятонро ором ва руҳатонро болида гардонед!? Зеро ҳақиқат ҳамеша талх аст, вале бояд онро эътироф намуд! Имрӯз Ҳизби Сотсал-демократи Тоҷикистон ҳамчун нерӯи сиёсӣ дар фазои сиёсии кишвар ба он андозае, ки шумов а ҳамтоёнатон гумон мекунед, муқтадир нест.

   Хуб мебуд ҳангомаю тангназариро як сӯ мемондеду дар ҳаёт як маротиба ба фаҳми ҳақиқат сарфаҳм мерафтед! Ин ҷо панди бузургонро ироа медорам, ки ҳақиқат ниҳон нест, хиранигоҳон кӯранд. Мардуми Тоҷикистон акли расою чашми бино доранд, ва медонанд, кик адом аҳзоби сиёсӣ дар ҷомеа чӣ мақому чӣ арзиш дорад!

 

Абдуҷаббор Неъматов –мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот

                         ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин  

      

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин