Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Фикру андешаи ботил ҳамеша мағлуб аст…

 

Тавре ҳамагон огоҳем 1 марти соли равон маъракаи муҳими сиёсии интихобот ба ҳама зинаҳои вакили мақомоти намояндагӣ, дар сатҳи баланд ва бо назардошти иродаи сиёсии аксарияти мардуми Тоҷикистон доир гардид. Муҳим аз ҳама интихобкунандагон ба тарафдории номзадҳои арзандаи пешниҳодшудаи ҳизбҳои сиёсӣ дар муҳити фарогиру созанда   раъй доданд ва ҷой надоштани ҳолатҳои тақаллубию фармоишӣ, аз ҷониби аксари мушоҳидони дохилию байналмилалӣ тавассути телевизиону матбуоти давлатӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда паҳн гардид. Метавон ироа дошт, ки ҳама мардуми кишвар сарфи назар аз забону миллат дар доираи талаботи Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дохил ва хориҷи кишвар ба нуқтаҳои овоздиҳӣ омада, мавқеи худро нисбати ҳизбҳои сиёсӣ, ки барои ояндаи Тоҷикистон барномаҳои мушаххаси пешазинтихоботӣ доштанд, ба таври дақиқ муайян карданд.

Мутаассифона мавқеи ба ном ҳаракати сиёсии гурӯҳи 24, ки дар хориҷ аз мамлакат ба мағзшӯии ҳамватанони мо машғуланд, ҳамоно яксон, бепоя ва пур аз кинаю ғараз буд.Бахусус ба намоиш гузоштаи наворҳои яктарафа доир ба баргузории чорабинии интихобот аз ҷониби ровии барномаи хабарии « Садои мардум», ки муассиси он гурӯҳи 24 ба ҳисоб меравад, ҳар бинандаю шунавандаро бетараф гузошта наметавонад.

     Банда чандин маротиба аст, ки барномаи ғаразноки ба ном «Садои мардум» - и гурӯҳи 24-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо мекунам ва эҳсос мешавад, ки ин барнома сар то по фармоишию пур аз ғаразҳои сиёсии якчанд раҳгумзадаю худфӯруш беш нест. Аниқтараш, ҳамаи нафароне, ки дар барномаи қаблии ин гурӯҳ суханронӣ кардаю лофи ватандорӣ мезаданд, дар барномаи охир низ минбар марбут ба онҳо буд.

Ровии барнома ҳангоми пахши мустақим агар занги телефонӣ ба таъбу завқаш садо надиҳад ҳатман мусоҳибаро хомӯш мекунад ва агар ягон нафари мисли худаш роҳгумзадае ба эфир барояд, гапи ӯро ба қавле «об» дода, суҳбатҳои пур аз макру риё ва ғаразҳои сиёсии гурӯҳиро талқин мекунад. Ба ибораи дигар мақсади ровии барнома Беҳрӯз Тағойзода, фақат зери нохун чирк кофтан асту халос!

Метавон хулоса кард, ки новобаста аз натиҷаҳои интихобот ва орои мардуми Тоҷикистон ба тарафдории ҳизбҳо сиёсӣ ин гурӯҳи азхудрафтаи асолатбохта ҳамоно дар фикри роҳандозии шуру мағал ва пиёда гардонидани ормонҳои шахсию гурӯҳии худ ҳастанд ва ҳамеша дар ин масир пайти муносиб меҷӯянд, вагарна чӣ зарурат аст, ки наворҳоро аз дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯздида ба таъбу завқи худ коркард ва атрофи масъалаҳои матраҳшуда, барнома таҳия кард?  

Воқеан мушкилот дар тамоми давлатҳои пешрафта мавҷуд аст ва ҳар як давлат барои ҳаллу фасли он тибқи салоҳият ва имконоти мавҷуда тадбирҳои мушаххасро рӯйи даст мегирад. Вале аз мушкилоти мардум ба нафъи худ истифода бурдану аз пашша фил сохтан ин рисолати ҷавонмардӣ ва камоли инсонгарӣ набуду нест.

Дар мавриди маъракаи интихоботӣ метавон ҳадс зад, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ дар васоити ахбори омма тамоми нозукиҳои ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба дарки мардум расонида шуд. Он нафароне, ки доир ба интихобот маълумоти кофӣ   надоштанд , ман мутмаинам, ки андешаи сиёсии онҳо хеле заиф аст ва дар ин маврид таваҷҷуҳи бештар надоштанд. Агар раванди ҷомеасозию давлатдорӣ барои онҳо муҳим мебуд худ татбиқкунандаи иродаи сиёсии худ мегаштанд. Андешаи сиёсӣ, назари сиёсӣ ва иштирок дар маъракаи интихобот озоду шаффоф буд ва касе дигареро барои ба тарафдории ҳизбҳо ва номзадҳои пешниҳодгардидаи ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқи маҷбур кардан надошт.

Ба андеша ва « таҳлилҳо» - и рови барнома Беҳрӯз Тағойзода гӯё ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихобот раъйи зиёд гирифт ва пушти ҳар суҳбатороии фармоишӣ аз тамосгарон пӯрсиш мекард, ки ба тарафдории кадом аҳзоби сиёсӣ оро додед? Мо ин ҷо эътироф мекунем, ки ҳизби Сотсиал- демократи Тоҷикистон   аз ҷониби аъзо ва тарафдоронаш раъй гирифт, вале на ба он миқдоре, ки Беҳрӯз Тағойзода   ҳадс мезанад. Ва ,воқеан ин ҳизби сиёсӣ ба он андозае, ки Беҳрӯзу ҳамсаргаронаш андеша мекунанд, аъзою тарафдор надорад ва шояд ин ҷо хизмати хирсонаи гурӯҳи 24 ва дигар ҳаракату ҷунбишҳои мухолифи давлат буд, ки андешаи мардумро дар дохили кишвар вобаста ба ин ҳизбу номзадҳои он ба якборагӣ тағйир дод.

Умуман фикру андешаи ботил ҳамеша мағлуб аст. Муҳим барои мо интихоботи вакилон ба ҳама зинаҳои мақомоти намояндагӣ дар кишвар дар рӯҳияи баланди сиёсӣ доир гардид ва мардуми мо аз натиҷаи интихобот розию барои ояндаи Тоҷикистон аз вакилони интихобгардида интизориҳои зиёд доранд. Умедворем, ки дигар тири хоинони давлату миллат ҳеҷ   гоҳ камон намеёбад, зеро мардуми мо аллакай   мақсаду мароми ин гурӯҳҳоро ба хуби эҳсос кардаанд. Танҳо ҷомеаю давлати моро суботу якдигарфаҳмӣ ба ояндаи равшану созанда раҳнамун месозад. Тафриқаю бадбинӣ ва шурӯ мағал андохтан миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа дигар роҳи   ҳалли масъала нест.

                                         Назарзода Толибҷон – раиси Кумитаи иҷроияи        

                                                                             ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин