Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Нақши Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии Наврӯз

 

   Барои миллати тамаддунофари тоҷик басо рамзист, ки имрӯз миллати тоҷикро, алалхусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду пешниҳодҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.

   Аз ҳамин лиҳоз 19 феврали соли 2010 Шӯрои 64-уми Маҷмааи умумии созмони Милилали Мутаҳид доир ба рӯзи ҷаҳонии Наврӯз қатънома қабул кард. «Ҳама орзуву омоли башардӯстонаи ниёгони мо ,ки дар Наврӯзи ҷаҳонафрӯз таҷассум ёфтааст, ниҳоят дастраси оламиён гардид!»Дар ин қаътнома омадааст, ки ҳар давлати узви СММ бояд барои рушду такомул ва ҷашнгирии Наврӯз дар кишвараш ҷаҳду талош варзад. Яъне, акнун Наврӯзро на танҳо соҳибонаш,балки қариб 200 давлати аъзои СММ пуршукӯҳ ҷашни хоҳанд гирифт.

Метавон бо сарбаландӣ гуфт, ки дар талошҳои санд кишвар ҳамзабону ҳамфарҳанг Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар сафи пеш қарор дошт ва дар ҷаҳоншавии Наврузи бостони саҳми аршишманди худро гузошт . Наврӯз қадимтарин дар таърихи ҷаҳон ҷашни соли нав аст ;решайи маънавии онро дар қаъри ҳазорсолаҳо ҷустан мебояд . Аз ин рӯ , боиси тааҷуб нест , ки ҳатто Абӯрайҳони Берунӣ ва Умари Хайм барин ахтарони осмони баланди илмҳои дақиқ ҳангоми маънидод кардани пайдоиши Наврӯз ба забони устураю ривояти динӣ ҳарф задаанд. Бино   ба ақидаи суннатие , ки Хайём дар «Наврӯзнома» баён намудааст, дар қадимулайём «Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард».

   (Дар асотири эронию туронӣ Кайумарс ҳамчун сараҷдоди одамизод ва ҳам нахустин шоҳ дар рӯи замин зикр мешавад, ки ӯро «Эзади таборак ва таъоло» таъин карда будааст). Як замони дигар абераи Кайумарс Ҷамшед «чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».Ба таърихи воқеӣ рӯ оварда, нахуст бояд андар дине як-ду ҳарф гуфт, ки дар қаринайи рӯҳонияш Наврӯз миқёси кайҳонӣ ва маъною мазмуни хоси фарҳангӣ пайдо кардааст.Бино ба дарёфти муаррихон миёни динҳои ваҳдоние, ки аз тариқи ваҳй талқин шудаанд, зардуштия қадимтарин кеш аст.Вай ба унвони низоми динӣ дар ибтидойи замоне (солҳои 800-200 пеш аз огози солшумории насронӣ ) ба камоли рӯҳонӣ расид , и онро аз қавилаи файласуфи олмонӣ Карл Ясперс «Замони меҳварӣ»хонанда .Аз ин рӯ зардуштия қудрати маънавӣ дошт,ки дар радифи фарҳангҳойи мутараққии он замон (юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ ва сомӣ ) ба муколамайи баробарсанг пардозад.

   Ба пайдоиши иди Наврӯз аз мавқейи назари тамадуншиносӣ нигариста, метавон пиндошт, ки ин ҷашн дар ҳошияи як дигаргунии куллии таърихӣ мавсумба Инқилоби неолитӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Яке аз тағйироти умедае, ки дар натиҷайи ин табаддулоти иқтисодию иҷтимойӣ ба амал омад, гузаштан аз тақвими қамарӣ ба тақвими шамсист. Ин воқеаро фақат ҳамчун иваз шудани тариқҳойи солшуморӣ (зз рӯйи ҳаракати Офтоб ё даврзании Моҳ ) таъбир кардан нашояд; манзур тағйироти усулист дар зимаи он худи бунёди ҷаҳонбиниииодамӣ дигаргун шу .Баройи ба аҳмияти таърихииин ин дигаргунӣ сарфаҳм рафтан кунҷи назар ва дастгоҳи таҳқиқро тағйир додан мебояд; ба масъала на аз айнаки таърихи фарҳанг , балки назарияи фарҳанг нигаристан даркор аст. Наврӯз бар пояи суннати фарҳангие такия мекунад, ки барояш худбинии ифротӣ , нодида гирифтан, иқрор нанамудан ва ё инкор кадани арзишҳойи маънавии дигар халқҳо тамоман бегона мебошанд. Ин як ҳақиқати баҳснопазири таърихист, ки дигарон ҳам эътироф карданд.Чунончи, падари таърихнигорӣ Ҳеродот ҳамин ҷиҳати ибратангези одобу ойинҳои аҷдоди моро таъриф карда зимнан гуфтааст: «Эрониён ба қабули урфу одатҳойи бегонагон нисбат ба дигар халқҳойи дунё майли бештар даранд.» Дар воқеъ, маҳз эронизабонон дар ҷараёни таърихи чандинасраа шон бо халқу кишварҳои дурру наздик-Бобулу Миср, Ҳиндустону Юнон, Арабистону Туркистон дар тамоси фарҳангӣ ва таъсири дуҷонибаи маънавӣ буданд.Мавқеи ҷуғрофии турониёну эрониёни бостонӣ ҳам ба густариши равобити сиёсию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мусоидат кардааст, чаро ки онҳо аз қадимулайём дар чунон як чорроҳи серодами Ховару Бохтар зиндагӣ мекарданд ба тарбияи одоби хоси муошират низ мусоидат ва мувоанат менамуд. Аз ин мавқеи назар муносибати ҳомилону ҳомиёни фарҳанги наврӯзӣ ба мардумони бегона, хоса онҳое, ки ба дину фарҳанги ғайр мансубанд низ хело ҷолиб аст.Агар ба оғазгаҳи ин суннати маънавӣ рӯ оварем, дармеёбем, ки дар бунёди он дастуре ҳаст ба зоҳир нонавишта, вале ба ботин зойида ва парвардайи ахлоқи бостон.Онро метавон муносибати хайрхоҳона ва таҳаммуломезона ба мардумони бегона, ба суннатҳо ва одатҳои ғайр унвон кард.Нақши ин дастури итаҳтузеҳнӣ дар достони паҳлавизабони «Менуйи хирад» ҳувайдост, ки ба давраи пеш аз зуҳури ислом (садаи шашум) мансуб медонанд.Он ҷо «ба ҳар кас некӣ хостан»-ро «меҳтари кори нек» донистаанд.Дар таъйиду таъкиди ин хулосаи куллӣ алоҳида зикр кардан ба маврид аст, ки ҳеҷ як арбоби барҷастаи илму фарҳанги Аҷам дар ҳаққи забону маданияти қавму мардуми ғайр бадгӯйи накарда, урфу одатҳои ҳеҷ халқеро паст назада, аз рӯйи хусумати миллию мазҳабӣ ва ё кини таърихӣ ба иззати нафси мардуми марзу буми бегона нарасидааст. Барои ба ин хулоса эътимод пайдо намудан як ба навиштаҳои Абурайҳони Берунӣ «Осор-ул-боқия» ва «Мо-ли-л Ҳинд» назар афкандан кофист.Дар ҳилоли ин тариқи одаму оламшиносӣ, хусусан шаҷараи таърихию фарҳангии ҷашни Наврӯз ҷолиб аст. Наврӯз иди пирӯзӣ бар халқе ва ё соате наҷот аз хатаре нест, хусусан рӯзи қассос аз душмани сохта ё бофта набувад, ки аз маросими хусуматомезона сӯзонидан ё калтаккӯби кардани хусааш ва ё лаҳат хондан ба аҷдоду авлодаш иборат бошад.

   Хусусияти ҷолиби Наврӯз ин аст , ки ҷашн ба ҳеҷ як воқеайи сирф қавӣ,миллӣ ё маҳаллӣ бахшида нашудааст. Суннати асили халқу кишовар ҷашнро ба воқеаҳойи бузурги кайҳонию махосие бипайвандад, ки ба сарнавишти ҷумла фарзандони Одам аз ҷумлайи ҳамон воқеаҳойи кулиянд, ки Абӯрайҳони Берунӣ бори нахуст рӯйхат карда, як ба як шарҳу тафсир дода буд. Умдайи хулосайи ӯ чунин наст; «Наврӯз нахустин аввалрӯзест аз замона ва бад он фалак оғозид гаштанд».

                                

Таҳияи   Ҷамолиддини Файзалӣ-ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин