Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Забони давлатӣ-муҳимтарин рукни шинохти давлат ва миллат дар арсаи ҷаҳонӣ!

 

Дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ, аз қабили истиқлолият, ҳудуд, артиш ва фарҳанг мавҷудияти забони миллат барои пойдорӣ ва бақои давлат саҳми созгор дошта, муаррифгар ва аз ҳастии дилхоҳ миллат дар назди ҷомеаи башарӣ башорат медиҳад.

   Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани нақши забони давлатӣ дар муошират ва коргузорӣ эътибори лозимӣ дода, тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин омил минбаъд ба рушди забони давлатӣ ва омӯзиши он дар муассисаҳои таълимии олию касбӣ ҳамаҷониба мусоидат кард.

   Воқеан, донистани забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон фарз аст. Зеро донистани забони модарӣ дар як вақт барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва омӯзиши дигар забонҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин ватандӯстӣ ва тарбияи дурусти насли ҷавон низ аз омӯзиши сатҳи баланди забони модарӣ сарчашма мегирад. Беҳуда нест, ки бузургон фармудаанд:

   Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

   Донистани сад забон осон гардад.

  

     Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва дастрасии аҳолӣ ба истифодаи технологияи муосир собит месозад, ки дар баробари донистани забони давлатӣ мо бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳ дошта бошем, вале ин на ба он маъност, ки аз донистани рисолати тоҷики тоҷдор будану тоҷик офарида шудан бехабар монем. Воқеияти талхи таърихи қисман аз халқу миллатҳои ҷаҳон бармало собит сохтааст, ки фаромӯш сохтани забону фарҳанги миллӣ ба заволи давлатдорӣ ва оқибат аз харитаи ҷаҳон нест шудани миллатҳо оварда мерасонад. Миллат ҳамон вақт миллату давлатдор мебошад, ки ба арзишҳои гузаштаи худ, ба забону фарҳанги ниёгонаш эҳтиром мегузорад. Имрӯз таҷрибаи талхи давлатҳои Ховари Миёна барои тамоми дигар халқиятҳои ҷаҳон ҳамчун дарси ибрат хоҳад буд. Бубинед, ки садсолаҳо миллати курд дар тасмими бунёди давлатдории Курдистон, ки дар ҳавзаи се-чор давлат тақсим шудаанд, муваффақ нестанд.

   Барои халқи Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист, ки мо соҳиби давлату забонем ва дар созмонҳои бонуфуз дар баробари давлатҳои пешрафта соҳиби мақому манзалат ва дар ҳалли мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳуқуқи овоз додан дорад. Ин барои мардуму миллат хеле муҳим аст.

   Бинобар ин, месазад бобати омӯзиши забони давлатӣ, тозаю беолоиш нигоҳ доштану ин мероси гаронбаҳоро ба насли оянда расонидан ҳар як фарди соҳибватан муваззаф хоҳад буд. Зеро эҳсос мешавад, ки қисме аз насли нав дар муоширату гуфтугӯ оддитарин қоидаҳои забони ноби тоҷикиро сарфи назар мекунанд. Истилоҳоте аз ҷониби онҳо мавриди истифода қарор мегирад, ки аз фарҳангу маданият ва одоби инсонгарӣ фарсахҳо дур хоҳад буд. Дар ин росто, зарурати назорати тарбияву омӯзиши забони модарӣ дар баробари сохторҳои соҳаи илму маориф ба зиммаи волидайни насли нав вогузор буда, бояд ҳамагон ба ин масъалаи ҳассос эътибори лозимӣ диҳем. Шинохти миллату давлат аз дараҷаи эҳсоси садоқати насли он ба забону фарҳанг собит гардида, ин омил дар оянда ба рушду мутараққӣ гардидани давлат ва ҳаллу фасли дигар мушкилоти давлатдорӣ заминаи муфид мегузорад.

   Бошад, ки забони ноби тоҷикӣ барои рушди давлатдории муосири мо садсолаҳо хизмат намуда, дар таҳкими рушди бонизоми хоҷагии халқу ифтихороти мардуми сарбаланди мо мусоидати фаъол созад.

   Аз фурсати муносиб истифода намуда Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми сарбаланди кишвари маҳбубамон самимона шодбош мегӯям.

  

    

 

Т.Назарзода-Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

November 2020
Mo Tu We Th Fr Sa Su
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 1 2 3 4 5 6

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин