Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Эълонҳо

 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия

1. Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин- 1 ҷой, маоши мансабӣ 811 сомонӣ.

2. Мутахассиси шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин- 1ҷой, маоши мансабӣ 546 сомонӣ

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия

1.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Шӯрообод- 1 ҷой, маоши мансабӣ-811 сомонӣ

2.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Чагам -1 ҷой, маоши мансабӣ811 сомонӣ.

3.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Саричашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811 сомонӣ.

4.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Саричашма -1 ҷой, маоши мансабӣ – 811 сомонӣ 

5.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811 сомонӣ.

6.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Лангардара – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811 сомонӣ.

7.Мутахассис масъалаҳои хазинадорӣ, андоз ва барқи Ҷамоати деҳоти Шӯрообод-1 ҷой, маоши мансабӣ - 546 сомонӣ.

8. Мутахассис масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Доғистон- 1 ҷой, маоши мансаби 546 сомонӣ

Барои иштирок дар озмун 
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

         - ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

         - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

         - тарҷумаи ҳол;

         - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

         - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №038;

         - нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

         - маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

         - нусхаи шиноснома;

         -маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;

       -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

 

Талаботи тахассусӣ

      барои ишғоли мансаби мудири бахш

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

- малакаи кор бо компютер.      .

 

Талаботи тахассусӣ

      барои ишғоли мансаби сармутахассис

            -  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда      мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии  хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё  3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

- малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

    барои ишғоли мансаби  мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

           барои ишғоли мансаби  мутахассис

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

– малакаи кор бо компютер.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

        Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, деҳаи Шӯрообод, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҳуҷраи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия

       Телефон: (8-33-19) 2-11-65.

       Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун(12 августи соли 2018) дар нашрияҳои расмӣ.

      Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

      

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин