Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Паёми табрикотии раиси ноҳия Зарифзода Почохони Ҳабибулло бахшида ба рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

                          Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

   Ҳамаи шуморо ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 5-уми октябр таҷлил карда мешавад, самимона ва сидиқан табрик намуда, бароятон тансиҳативу хонаободиро орзумандам.

Дар воқеъ забон нишонаи пойдевории давлат ва як рукни муҳими сиёсии ҷамъият ва дар маҷмуъ ҳастию бақои миллат ба ҳисоб меравад.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимии олам ба шумор рафта, дар тули қарнҳои дурру дароз аз коми обу оташ ва даҳшату зуроварӣ раҳида то замони мо омода расид. Ҳазрати Пайғамбари Ислом Муҳаммад (С) забони форсиро забони аҳли биҳишт номиду Аллома Иқболи Лоҳурӣ забони ширинаш хонд ва Гёте мафтуну ҳайрони лафзи Ҳофиз гашт. Ин башорат аз он медиҳанд, ки забони тоҷикӣ забони хеле қадимӣ ва ғанӣ буда, тавонистааст бори душвори таърихи миллати худро то имрӯз бардорад.

Дар марҳилаи дигаргунисозиҳо ва тавваҳули забонҳои гуногуни олам кам забонеро дучор омадан мумкин аст, ки мисли забони тоҷикӣ баъди гузаштани даҳ аср ба насли имрӯза қабул ва фаҳмо омада расидааст.

         Ин нуқта гувоҳӣ он аст, ки забони тоҷикӣ бо шеватарин маъниҳо, ширинтарин таркиботу ибораҳо, ислоҳоти гуногуни илмӣ, бахусус ширинӣ ва рангу таровати миллӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон мақоми муносибро соҳиб гардидааст.

Ибтидои такомул ва рушди забони адабии тоҷикро ба асрҳои нӯх ва даҳ нисбат медиҳанд, ки дар он давра ашъори устод Рӯдакӣ ва «Шоҳнома»-и безаволи А.Фирдавсӣ ба арсаи эҷод омад. Ҳамзамон Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Соҳибу Бедил, Муҳаммад Ғазолӣ ва садҳо шуарою уламо бо забони адабии тоҷикӣ асарҳои оламгир таълиф намудаанд, ки осори онҳо бо забонҳои ғарб тарҷума шуда, то давраи эҳё китобҳои рӯимизии олимони Аврупо ба шумор мерафтанд. Ва имрӯз низ қимати худро гум накардаанд. Миллати тоҷик бо вуҷуди беадолатиҳои таърих, рисолати инсондӯстию фарҳангпарварии худро нигоҳ дошта, барои ҳифзи истиқлолияти фарҳангӣ ва забони шевои модарии худ ҷаҳду талошҳо намудааст. Шиносномаи миллати худро ҳифз намуда, ба имрӯзиён пешкаш намудааст.

         Ҳанӯз дар соли 1926 дар даврае, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни ифодакунандаи номи миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон пазируфта мешуд, устод Садриддин Айнӣ бо навиштани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» собит намуд, ки забони адабии тоҷик дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро дорад.

         Баъдтар дар соли 1940 устод Айнӣ бо таълифи мақолаи «Маънои калимаи тоҷик» ба аҷнабиёну бегонапарастон асолати забони тоҷикӣ, мақоми ҷаҳонии онро бо таҳлилҳои мушаххас руи чоп овард. Забони нобу шево ва шоиронаи мо ҳануз дар замони давлатдории Тоҳириён, Саффориён ва сипас Сомониён ҳамчун забони илмию адабӣ ва расмию коргузории вазоратхонаҳо шуҳрат ёфта, бо ин забон дар Хуросону Мовароуннаҳр аввалин шеърҳову рисолаҳои илмӣ, фалсафӣ эҷод гардиданд. Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад забони моро дар радифи забони аҳли биҳишт арз кардаанд. «Забони аҳли биҳишт забони арабӣ, форсӣ ва дарӣ аст» гуфта буданд.

         Ин баҳо ба он аст, ки забони тоҷикӣ воқеан бо нафосат, балоғат ва фаросати худ шӯҳрати оламгир ёфта буд. Пешвои мазҳаби ҳанафӣ-Имоми Аъзам низ дар таърихи ислом бори дигар мартабаи забони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Тоҷикон дар миёни халқиятҳои сершумори олам миллати соҳибтамаддунест, ки забони адабии қадимаашро маҳфуз дошта, имрӯз низ осори садҳо шоирону сарфу наҳв, савтиёти тарзи баён, ҳусни матлаб ва раванди инкишофи забони модарии моро дар тӯли таърих исбот карда, тамоми бӯҳтону тӯҳматҳоро ботил сохт.

Беҳуда нест, ки забоншиносон ва олимони машҳури дунё забони модарии моро дар радифи се забони машҳури ҷаҳони англисӣ, фаронсавӣ ва италиявӣ яке аз ширинтарину шевотарин забонҳои олам шуморидаанд.

         Дар овони истиқлолияти миллӣ пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он аз ҳисоби захираи забони классикию халқӣ, ғанитару суфтатар гардида. Погиза нигоҳ доштани забони матбуоти даврӣ вазифаи ҷонии зиёиёну аҳли фарҳанг ва ҳар фарди ватанпарасту миллатдӯст мебошад. Дар айни ҳол дӯст доштан ва қадр кардани забони модари ҳаргиз маънои онҷо бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони моро надорад. Имрӯз пешрафти илму техника ва технологияи муосир ва ҷаҳони мутамаддин бе донистани дигар забонҳо имконопазир аст. Ин амр беш аз ҳарвақта дар баробари забони модарӣ зарурати омӯхтан ва донистани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисиро ба миён меорад.

         Бо мақсади таълим омӯзиши забонҳои хориҷӣ Фармони дахлдори Президенти мамлакат содир гардида, бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи мукаммали омӯзиши забонҳои хориҷӣ қабул карда шуд. Бузургони мо хуб қайд карданд, ки «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ».

Донистани ҳам забони модарӣ ва ҳам хориҷӣ ба пешрафти маънавии ҷавонон ва кишвари соҳибистиқлоли мо мусоидат менамояд ва имконияти густариши муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои фарҳангию иқтисодиро фароҳам меоварад.

         Истиқлолияти забонӣ, рукни бунёди истиқлоли миллист. Аз ин лиҳоз забондонӣ нишонаи фарҳангу хирад ва роҳ кушодан ба уфуқҳои нави илму тамаддуни пешрафта мебошад. Забони модариро ҳамеша азизу гиромӣ ва пос доштан як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус аст.

         Дар воқеъ сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ чун узви якпорчагии кишвар ҳамеша дар пайи ободии ин гӯшаи дурдасти диёр ва пос доштани ниёгони хеш талош варзида, баҳри пиёда сохтани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат мебошанд. Зеро ин гӯшаи сарзамин наслҳоеро ба воя расонидааст, ки бо донишу малака ва таҷрибаи кордонии хеш ҳамеша шамъи чароғи маҳфили аҳли илму адаб гардидаанд.

         Ҳозирини гиромӣ!

         Мехоҳам қайд намоям, ки метавон соли 2020-ро барои мардуми ноҳия ҳамчун соли таърихию бобарор арзёбӣ намуд. Зеро чуноне ки огоҳӣ доред рӯзи 24 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафари корӣ дар ноҳия қарор дошта, дар ифтитоҳи чандин иншоотҳои ҳаётан муҳим иштирок намуда, ҳамчунин бо кормандону фаъолони ноҳия вохӯрии судманд доир намуданд. Мехоҳам дар ин лаҳзаҳо ба ҳамаи онҳое, ки дар ин лаҳзаҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ истиқбол намудани Пешвои муаззами миллат бо мо ҳамкорӣ доштанд, изҳори сипос намоям. Дар воқеъ дар ин лаҳзаҳои асос сокинони ноҳия аз хурд то бузург бо мо буданд ва дар амалӣ намудани сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат саҳми муносиби худро гузоштанд. Зеро мо дар сарҷамъӣ бори дигар бо ҳунару фарҳанги хеш роҳбарияти олии мамлакатро бовар карда тавонистем, ки дар воқеъ ҳамқадами сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат мебошем.

Бори дигар шумо ҳамдиёрони арҷмандро бо ин рӯзи фархунда, ҷашни гиромидошти забон, таҳкими худшиносии миллӣ ва ватандорӣ муборакбод намуда, бароятон хонаободӣ ва саодати рӯзгорро орзӯ менамоям.

         Бигузор забони тоҷикӣ, забони Султони шоирони ҷахони устод Рӯдакӣ ва ҳазорон фарзандони миллати номдорамон асрҳои аср поянда ва бегазанд бошад ва кохи сухани тоҷикона бо шири модари ӯ то абад побарҷову обод бошад.

Ҳамеша тансиҳату, хонаободу сарбаланд бошед ҳамдиёрони азиз!

Ташаккур…

 

        

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

October 2020
Mo Tu We Th Fr Sa Su
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин