Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷавонон

Ҷавонон бо ҷавонон ва варзиш,  занон ва оила

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 131 чорабинии варзишӣ бо фарогирии 1475 нафар варзишгар гузаронида шудааст.

Ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб барои ҷавонон ва дар заминаи он тарғиби ҳаёти солим ва дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон дар ноҳия сохтмони бинои нави Маркази ҷавонон ва майдони варзишӣ барои 6 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.

Дар ҳудуди ноҳия шумораи муасисаҳои варзишӣ 89 ададро ташкил намуда, аз он 77 майдончаи варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 6 толори варзишӣ ва 4 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.

Дар ноҳия 1 муассисаи давлатии «Мактаби   варзишӣ» фаъолият дошта дар он 22 нафар мураббиён ба 602 нафар варзишгар аз ҷумла 55 нафар духтарон аз рӯи 9 намуди варзиш машқу тамрин медиҳанд.

Дар даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии мусобиқаҳои варзишӣ 84 нафар варзишгарони ноҳия аз рӯи намуди варзиши сабук азқабили гуштини миллӣ, дастхобонӣ, шамшербозӣ ва унифайти ғайрикасбӣ иштирок намуда сазовори 40 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 24 медали тилло, 10 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд.

КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА

Имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият намуда, дар таҳкими раванди рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия саҳмгузоранд. Шумораи занон дар ноҳия дар соли 2022 28147 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати аҳмин давраи соли гузашта 455 нафар зиёд мебошад.

Шумораи умумии занони корманд дар ноҳия 2000 нафарро ташкил медиҳад, ки 39 нафарашон занони роҳбар ва аз ин 8 нафарашон хизматчии давлатӣ мебошанд. Умуман дар соҳаи хизмати давлатӣ дар ноҳия айни ҳол 18 нафар зан кору фаъолият доранд.

Дар самти тиҷорат шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз 101 нафарро ташкил менамояд.

Соли хониши 2021-2022 барои хатмкунандагони ноҳия 19 квота ҷудо шуд, ки аз он 10 квота барои духтарон мебошад. Дар маҷмӯъ, 84 нафар донишҷӯдухтарони ноҳия тибқи квотадар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат таҳсилменамоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин