ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ПРОБЛЕМАИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНИ МУОСИР
Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифта, ин экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғазби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Истилоҳи "терроризм" аз калимаи лотинии "terror" маншаъ гирифта, маънояш "тарс ва ваҳм" аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ - бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта, дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои редиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст.
Барои ба адафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунонидани мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳс бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба адафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар маҷмӯъ мақсади асосии террористон ба таври зӯроварӣ ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботҳои шариат ҳукмронӣ намудан аст. Баҳри амалӣ намудани ин ниятҳои нопокашон онҳо омода ҳастанд, ки ҳатто муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир диҳанд.
Вобаста ба вазъите, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли "Ал-Қоида", "Ҳаракати Туркистони шарқӣ", "Ҳизби Исломии Туркистон" (собиқ Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон), "Ҳаракати Толибон", "Бародарони мусулмон", "Лашкари Тойиба", "Гурӯҳи исломӣ", "Ҷамъияти Исломии Покистон", "Ҷамоати таблиғ", ташкилоти динӣ-миссионерии "Созмони таблиғот" ва "Тоҷикистони озод", "Ҳизб-ут-Таҳрир", "Салафия", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", "Ҷабҳат Ан-Нусра", "Гурӯҳи-24", Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.
Гиёева О.Б.
