Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Чанд андеша перомуни мафҳумҳои асосии «Ифротгароии динӣ», «экстремизм», «радикализм» ва «терроризм»

 

Аз назари луғавӣ, калимаи «ифрот» аз забони арабӣ буда, аз решаи «фарт», яъне «авx» ё «ниҳоят» сохта шудааст. Дар истеъмоли умумӣ, «ифрот» ба маънои аз ҳадду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан аз зиёдравӣ кардан мебошад. Ибораи «ифрот кардан» низ ба маънои аз ҳад гузаронидан ва аз эътидолу тавозун берун шудан аст.

Шахси ифротӣ касест, ки дар тарзи фаҳмиш ва ё тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Масалан, баъзе инсонҳо аз ҳад мегузаронанд, яъне ифрот мекунанд, баъзеи дигар дар харҷи беҳудаи пул зиёдравӣ ва ифрот мекунанд. Маънои муқобил ё антонимии калимаи «ифрот» калимаи «тафрит» аст, ки он низ аз решаи «фарт» буда, ба маънои бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии беш аз ҳад нисбати чизе мебошад.

Калимаи «ифротгароӣ» дар забони тоҷикӣ аз решаи «ифрот» буда, аз назари луғавӣ, маънои майл доштан ба ифрот ё гароиш доштан ба зиёдравию оштинопазириро дорад. Феъли тоxикии «гароидан» ба маънои майл кардан, пайравӣ кардан, гаравиш доштан ва тамоюл намудан буда «гаро» шакли калимасозӣ он аст. Яъне, «ифрот+гаро+ӣ» ба маънои майл доштан ба зиёдравӣ ё пайравӣ кардан аз ифрот ва оштинопазирӣ мебошад.

Дар забонҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар англисӣ ва русӣ, мафҳуми «ифротгароӣ»-ро бо истилоҳи машҳури «экстремизм» ифода мекунанд. «Экстремизм» (эктрем+изм) низ дақиқан ба маънои тамоюл ба ифрот, зиёдравӣ ва аз ҳад гузаштан мебошад.

«Ифротгароии динӣ» яке аз маъмeлтарин шаклҳои экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротгарои динӣ маъмeлан аз таълимоти асилу мӯътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида , ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд.

Ифротгароии динӣ як тарзи фаҳмиш ва навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад.

Маънои луғавии террор таҳдид, тарсонидан ва даҳшатафканӣ буда, истилоҳи терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё иқтисодӣ анҷом доданӣ амали террор ё даҳшатафканиро ифода мекунад. Дар ин марҳила ифротгароён ба таҳдид, зуроварbӣ ва қатлу куштор рӯ оварда, амалан ба ҳаракати террористӣ табдил мешаванд. Имрӯз дар забони муошират, аз ҷумла, дар забони илм ва воситаҳои ахбори умум, ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегӯянд.

Пас, аҳамияти мубориза бо экстремизму радикализм аз аҳамияти мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаҳои ибтидоии терроризм буда, дар ниҳоят ба терроризм бурда мерасонад. Терроризм бошад, марҳилаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи экстремизму радикализм мебошад. Ин аст, ки ҳангоми муносибат бо ин падидаҳо бояд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, ба вуҷуд оварандаи ҳамдигар мебошанд.

Хулоса, аз ифротгароии динӣ то терроризм ҳамагӣ як қадам буда, мубориза бо ифротгароии динӣ дар амал ҷузъи бисёр муҳими кори мубориза бо терроризм ва роҳи пешгирии ба марҳилаи радикализму терроризм расидани он мебошад.

                

Маликов Хушбахт Талабшоевич

 

 

 

 

 

                                                                      

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2023 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин