МОДАР САРЧАШМАИ ХУШБАХТӢ
Рӯзи 7 марти соли 2023 бахшида ба гиромидошти Рӯзи Модар дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин иштирокдорони чорабинӣ ва тамоми занону модарони ноҳияро ба Рӯзи идашон табрику шодбош намуд. Зикр карда шуд, ки маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии сокинони кишвар имкон фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии сокинони кишвар, бахусус занону бонувон дар сатҳи зарурӣ қарор гирифта, бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа чандин Барномаву Стратегияҳои муҳим қабул гардиданд.
Ҳамин аст, ки занону бонувони мо дар баробари рисолати модарии хеш дар корҳои ободониву идоракунии давлат низ хизмати шоиста намуда истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ дар доираи сиёсати пешгирифтаи рлҳбарияти олии сиёсии кишвар баҳри баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва иштироки онҳо дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода намуда, имрӯз наздики 2 ҳазор занони ноҳия дар муасисаҳои давлатӣ кору фаъолияти назаррас доранд.
Дар ҳамин рӯз як қатор занони собиқадор, фаъолон ва кормандон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи таҳия намудаи аҳли фарҳанги ноҳия ба чорабинӣ ҳусни дагарро зам намуд.
