ОҒОЗИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Бо расидани пайки баҳорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 4 марти соли 2023 ҳашари умуминоҳиявӣ бо иштироки кормандони касбу кори гуногун ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия дар шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб- Шамсиддин Шоҳин-Шоҳон корҳои тозакорӣ гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки иқлими ноҳияи Шамсиддин Шоҳин салқин буда, зимистони тулонӣ дорад. Ҳамин аст, ки масъулин аз мусоидии ҳаво истифода бурда, шоҳроҳи асосӣ ва кучаҳои маркази ноҳияро поккорӣ намуданд. Чунин иқдомҳои корҳои ободонӣ дар дигар гӯшаҳои ҳудуди ноҳия низ идома дошта, масъулин баҳри истиқболи ҷашни таърихии миллати тоҷик Наврӯзи ҳуҷастапай тамоми чораҳои заруриро рӯи даст гирифтаанд.
11.03.2023 05:35
52

© 2023 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин