Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

 

Рӯзҳои 9-10-уми марти соли 2023 вохӯрии навбатии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чагам ва ба номи Нуриддин Маҳмудов вобаста ба таҳлилу баррасии масъалаҳои пешгирии падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир – эктремизму терроризм баргузор гардид, ки иштирокчиёни ин ҳамоиш раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеа, омӯзгорону имомхатибон ва соҳибкорони ватанӣ буданд.

Зимни пешниҳоди маърӯзаи хеш раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин дар бораи сабабҳои пайдоиши экстремизм, ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бо ин васила пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурўҳҳои экстремистӣ, инчунин дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намудани онҳо сухан ронда, сокинонро ба ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои беназири он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ даъват намуданд.

Зикр шуд, ки хатари идеологияи гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ба сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҳимояи дастаҷамъонаи марзу буми кишвар, давлатдории миллӣ, боз ҳам қавӣ гардонидани асосҳои сохти конститутсионӣ, арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихиро тақозо менамояд. Дар ин раванд мубориза бар зидди экстремизму терроризм вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

   Дар суханронии раиси ноҳия таъкид гардид, ки тоҷикон аз қадиммулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Аммо вақте гап сари якпорчагии Тоҷикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, ин ҷо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амал ҳар як тоҷику тоҷикистониро бетараф гузошта наметавонад. Ин хоки Ватани мо аст, дуруст дарк мекунем, ки давлатдорӣ кардан чӣ асту ин хок барои мо чӣ аҳамият дорад. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он онро дареғ намедорем. Мо ҳаргиз бояд нагузорем, ки ба ҳудуди кишвари мо бегонае дастдарозӣ бикунад. Махсусан, ҷавонон Ватанро чун гавҳараки чашм, чун ганҷи бебаҳо, чун Модар бояд нигаҳрибон бошанд.

Дар ҷамъбасти баромади хеш раиси ноҳия аз роҳбарони ташкилоту муассиса, корхонаву идора, имомхатибон, фаъолон, зиёиён ва сокинони деҳоти ҷамоатҳои мазкур даъват ба амал оварданд, ки барои тақдири насли наврасу ҷавони имрӯза бетараф набошанд ва таъкид сохтанд, ки мову шумо – фаъолони ҷомеа бояд дар ҳар як хонадон, кӯча, маҳалла, деҳа, ҷамоат ва бо иштироки доираҳои васеи шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, мафкура ва идеологияи аҳолиро дар самти ватандориву меҳанпарастӣ баланд бардошта, барои боз ҳам вусъат додани бунёдкориву созандагӣ камари ҳиммат бандем.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2023 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин