Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Маориф

Рушди соҳаи иҷтимоӣ-махсусан соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, ба масъалаи фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

 

Айни ҳол дар ноҳия шумораи муассисаҳои таълимӣ 60 ададро ташкил дода, аз он8 муассисаи таълимии ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ,1 кӯдакистон, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ ва маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошанд. Дар ин муассисаҳо барои соли хониши 2022-2023 дар маҷмӯъ 11348нафар хонандагон, аз ҷумла 5603 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 273 нафар зиёд мебошад.

Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соли хониши 2022-2023 85 нафар омӯзгорони ҷавон ба ноҳия фиристода шуда, аксарияти онҳо ба ҷойи кор таъмин гардиданд.

Аз шумораи 810 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 702 нафар ё худ 87% аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, 683 нафари онҳо ё ин ки 84,3 фоизи онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил гардиданд.

Дар ин муддат ба муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давдатии ноҳия 108 адад компютер (128%) ва 13 адад тахтаҳои электронӣ (108%) харидорӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ, 140 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ роҳхат гирифта, аз онҳо   30нафар дар озмунҳои даври ҷумҳуриявӣ иштирок васоҳиби 13ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Давоми солиҷорӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд сохтмони 20 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №7,№30 ва бинои маъмурии шуъбаи маориф оғоз гардида, ҳамчунин сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо маром идома ёфт. Инчунин дар назди муассисаҳои таълимии №№33,52 ва №57 сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша оғоз карда шуд.

 

Дар заминаи муассисаҳои таълмии №8 ва №28 ташкили ду муассисаи томактабӣ ва дар заминаи собиқ бинои кумитаи идораи замини ноҳия таъсиси литсеи давлатӣ барои хонандагони болаёқат ба нақша гирифта шуда, ҳуҷҷатгузории онҳо идома дорад.

Нақшаи пардохти маблағи иҷораи китобҳои имсола то давраи ҳисоботӣ 392960 сомонӣ пардохт гардидааст, ки 102 %-и нақшаро дар бар мегирад.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин