Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Баргузории аксия бахшида ба «Соли ҷавонон»

 

Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ноҳия аксия таҳти унвони «Мо ҷавонон пайравони пешвои миллатем», «Ҷавонон нерӯи созанда ва идомабахши сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатанд» баргузор гардид. Дар аксия зиёда аз 2,5 ҳазор ҷавонони касбу кори гуногун, сарбозони қисми ҳарбии 2931, донишҷӯён, толибилмони муассисаҳои таълимии №№1,2,3,7 бо шиору навиштаҷоти ватандӯстона, меҳнатпарастию ифтихори миллӣ, «Барномаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» дар маркази ноҳия роҳпаймоӣ намуданд. Баъдан дар майдони марказӣ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» доир гардид. Ҳамоишро муовини раиси ноҳия Санам Ғафорзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар мавзӯи «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» баромад намуд. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Раҷабов Ҳисайн баромад намуда ёдовар шуд, ки «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 ҳар як ҷавони кишварро водор месозад, ки барои пойдории сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагии кишвар, ҳифзу ҳимояи марзу буми меҳан, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саъю кӯшиш намоем. Мо ҷавонон сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, барои пешрафт ва гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузорем.

Сипас ҳамоишро ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо барномаи консертии дилнишин ва хотирмон ҷамъбаст намуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин