Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Табрикоти раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин бахшида ба Рӯзи Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                 Ҳамдиёрони азиз!

         Тули солҳои соҳибистиқлолӣ 16-ноябр дар тақвими давлатдории навини тоҷикон чун санаи муборак, таърихиву тақдирсоз ва оғози марҳилаи нави давлатсозиву давлатдорӣ, яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун иҷлосияи тақдирсоз шинохта шуда, дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст.

Яъне метавон гуфт, ки ҷашни Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни пирӯзии миллат, ҷашни рӯзи худшиносиву хулогоҳӣ, ягонагӣ ва ҷашни пойдориву устувории давлат мебошанд.

         Вобаста ба ин бо истифода аз фурсат Шумо ва тамоми сокинони ноҳияро ба ин ду ҷашни санаи таърихии кишварамон, ки сарчашмаи ҳамаи хушбахтию ободкориҳои имрӯзаи мо маҳсуб меёбанд, муборакбод намуда, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва хӯшиҳори рӯзгорро орзу менамоям.

         Дар воқеъ ҳамасола дар Ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллӣ таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба таърихи гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тулии асрҳо мебошад. Агарчанде, ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро дорад, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст.

Муайян намудани рӯзеро ҳамчун Рӯзи Президент ин қадрдонии мардуми шарифи мамлакат аз хизматҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти комили давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

         Мақсад аз рӯзи ид муайян намудани Рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбадаи бомайлони Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии Президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намуданд.

         Бо манзури эҳтирому иътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишвар рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

         Дар баробари ин, бояд таъкид дошт, ки гиромӣ доштани Рӯзи Президент танҳо як ҷашн нест. Он аз як тараф арҷгузорӣ ба хизмати беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ, иттиҳоди мардуми кишвар дар атрофии идеяҳои созандаи сарвари худ мебошад

Заминаи таърихии баргузор намудани Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки он дар таърихи 16-уми ноябри соли 1994 баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин давра баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр муқаррар намудааст, шуруъ намуд.

Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ пас аз маросими савгандёдкунӣ қайд намуданд:   «Ман ба ҳайси Президент шуморо бовар мекунонам, ки ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳро дар ҷумҳурӣ таъмин хоҳам кард». Ғайр аз ин, дар ҳамон сол дар нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби аҳолии кишвар қабул гардид, дар Тоҷикистон шакли идораи президентӣ муқаррар карда шуд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Дар ҳақиқат, маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри 20 аз фоҷиаи миллӣ раҳо ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ бо дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Бояд иброз намуд,ки Истиқлол танҳо ифтихор ва лофи ватандорӣ нест.

Истиқлол муборизаест, ки барои рушди миллат, пояҳои устувор фароҳам меоварад, ҳама гунна мушкилоти зиндагӣ мустақилона ҳал мегардад ва ташаккули иқтисодӣ таъмин шуда, арзишҳои давлати демократӣ ҳифз мегардад, ки ин кӯшишҳоро мо дар фаъолияти ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос секунем.

Дастоварду комёбиҳои беназиру бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба се ҳадафи асосӣ: таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки натиҷаи рушду инкишофи диёри маҳбуби мо маҳсуб меёбанд, хушбахтона ва сарбаландона қадамҳои устувор гузошт ва баҳри расидан ба ҳадафи чорум яъне саноатикунонии кишвар мардуми саодатманди диёр устуворона гом мегузоранд.

Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистон, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшиданд, инчунин, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.

Ба роҳ мондани равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ ба ҳисоб мерафт, ки нахуст аз рӯзҳои аввал моҳи сентябри соли 1993 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бор дар минбари баланди Созмони милали Муттаҳид сухан намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба кишвари Тоҷикистон ошно намуд.

Ҳамчунин нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ мебошад. Аз ҷумла Пешвои миллат иқдомкунандаи панҷ ташаббуси бузург мебошад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуданд.

Хизматҳои бузургу пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадр шуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул гардид. Метавон гуфт, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

Бинобар ин дар замони тезрушдёбанда ва айни ҳол мураккаб аз ҳар яки мо зиракиву ҳушёриро талаб намуда, муттаҳид будан дар атрофи Президенти кишварро тақозо менамояд.

Бори дигар иброз менамоям, ки таваллуд ва ташаккули Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад.

Зеро ин иҷлосия дар таърихи халқи тоҷик барои миллати тоҷик ва тамоми тоҷикон тақдирсоз буда, аҳамияти таърихии умумиҷаҳонӣ дорад.

Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ин иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки имрӯз идома меёбад.

Бо ҳамин ниятҳои нек рӯзи Президент ва 31- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, дар ин рӯзи таърихӣ ба ҳар як хонадони мардуми ноҳия хуррамиву осомиши рӯзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозиро орзу менамоям.

       Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин