Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МУАРРИФГАРИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Боиси ифтихору сарфарозист, ки тӯли 31 сол мешавад, ки дар партави сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон умр ба сар мебарем. Воқеан ин неъмати бебаҳост, зеро ки дар тӯли ҳазорсолаи таърих расидан ба Истиқлол, Ваҳдату якдилӣ ва муттаҳидӣ ақлу зеҳни тамоми инсониятро ба худ ҷалб менамуд. Аммо расидан ва даст ёфтан ба он кори басо мушкилу пурпечутоб буд ва ҳазорон қаҳрамонон ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаву ба мақсад нарасидаанд. Эъмори ҳар давлатро, бе муҳобот, бидуни оромиву субот тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вале бо амри тақдир барои баъзе аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ он дар майлонҳои куллан ноозмуда рӯи кор омад, ки таърих мисолашро ёд надорад. Таърихи гувоҳ аст, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз қадамҳои аввалин ва тақдирсоз ин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ буд. Бо талошу заҳматҳои зиёд санаи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли комили худро эълон намуд, ки заминаи нави сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои рушди минбаъдаи кишвар гузошт. Вале пас аз ин воқеоти муҳимми таърихӣ нооромӣ фазои кишвари азизи моро фарогир гашт ва рушду тараққиёти онро ба чандин солҳо ақиб зад. Аммо бо заҳмату кӯшишҳои фарзандони ҷонфидои миллат, монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шабу рӯз фикрашон ба комёб гардидан дар сарҷамъ намудани миллат ва ба даст овардани якдилию якдигарфаҳмии онҳо равона буд, мо тавонистем аз чанголи ин зуҳуроти харобиовар раҳоӣ ёбем ва ваҳдату сулҳу суботро дар кишвар побарҷо намоем. Имрӯз самараи ин ҳама кӯшишҳоро мо дар лабханди модарону хоҳарон, оромию ободии мамлакат, дастовардҳои беназири ҳамватанон дар дохил ва хориҷи кишвар, шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва монанди инҳо дида метавонем. Муҳимтарин ҳуҷҷат – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ байни тоҷикон ба оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ – бозсозию ободкорӣ дар асоси ғояи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо шуруъ шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки таҷрибаи арзишманди гузаштагони мо дар мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри ХХ – даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳамияти фавқулоддаи ҳаётӣ дошт ва ин масъала то ҳанӯз мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва баррасиву таҳқиқи ҷомеашиносон ва таърихнигорон қарор нагирифтааст. Дар охири асри ХIX ва оғози садаи ХХ миллати тоҷик таҳти таъсири омилҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки ҳастии хеш қарор дошт. Вақте ки сухан аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад. Зеро, мо Тоҷикистони навинро бе ному кору пайкори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз тасаввур карда наметавонем. Ин ҳақиқатест бебаҳс ва воқеиятбунёд. Ин ҳақиқатест, ки саодати халқи тоҷикро, эҳёву шукуфоии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Маҳз бо шарофати азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад. Яке аз нақшаҳои стратегии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бармеояд, эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд аст. Аз нахустин рӯзҳои роҳбарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили аҳзоби сиёсиро мутобиқи талаботи меъёрҳои Конститутсия истиқбол мекард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар хилофи ҳамаи нотавонбинҳои дохилию хориҷӣ, ки ба ояндаи давлати мо хушбин набуданд, ҷасурона роҳбарии давлатро бар уҳда гирифтанд. Нахустин сухане, ки ӯ аз минбари баланди ин иҷлосияи таърихӣ гуфтанд, сулҳ буд ва роҳи мо ба сӯйи ин субот яксону ҳамвор нест. Хиради азалии миллати тоҷик муқобили ҷаҳолат ғолиб омад ва мо дасти ҳам гирифтему дар талоши наҷоти миллат ва бақои давлат гардидем. Он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Дар назди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилтарин вазифаҳо истода буданд: - гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ (аслан ҷанги таҳмиллӣ буд ва ҷанги таҳмилӣ будани онро ҳам соли 1996 аввалин бор боз ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъриф дода тавонистанд); - бунёд кардани заминаи сулҳ; - баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ; - таъмини иҷтимоии аҳолӣ; - ба низом овардани сохторҳои қудратӣ (хусусан артиши миллӣ) густурдани заминаҳои ваҳдати миллӣ, ҳал кардани масъалаи бумбасти коммуникатсионӣ. Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани милати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад. Маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори Ваҳдат гаштанд ва ба сокинони кишвар қавл доданд, ки дар қадами аввал барои онҳо сулҳ меоваранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қавли додаашон вафо карданд. Маҳз дар даҳсолаи аввали мушкили давлатдорӣ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат дар мамлакат Парчам, Суруди миллӣ, Конститутсия, асъори миллӣ қабул шудаанд. Тайи се даҳсолаи сипаригардида, ки барои таърих он қадар тӯлони нест, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии хеш ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардад. Имрӯз ҷумҳурии моро дар арсаи ҷаҳон чун кишвари боэътимод мешиносанд. Боиси хушнудист, ки обрӯву нуфузи он сол то сол боло рафта, дар самти рушду тараққиёт уфуқҳои нав ба нав кашф мегарданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои сарнавиштсози миллати тоҷик мебошанд. Ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин абармарди таърихи навин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргириҳои дохилӣ раҳоӣ ёфта, имрӯз чун давлати соҳибихтиёр дар харитаи ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ мақоми сазовор гирифтааст ва акнун, онро тамоми мардуми дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд. Эй марди хирад, марди асил марди Худодод. Эй нуру сафо, файзу сахо, доди Худодод. Ту рахбариву рахкушо, пайрави ту мо. Ту чону дили мои, бо фитрати Пешво. Шукрона МАҲМАДАЛИЗОДА

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин