Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМ

Имрӯзхо мардуми шарифи кишвари азизамон бо шукургузори аз фазои сулҳу суботи Ватани маҳбубамон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ дар Ватани маҳбуби худ зиндагии шоиста намуда истодаанд.
Миллати фарҳангсолор ва тамаддунофари тоҷик дар охири асри хх соҳиби ду дастоварди ниҳоят арзишманд Истиқлолияти давлатӣ ва Вахдати миллӣ гардиданд, ки асоси ҷовидонии ин миллати сулҳофарро дар арсаи таърих таъмин менамояд. Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистони азизи мо дар 32-соли соҳибистиқлоли бидуни шак дастовардҳои хело зиёд дорад, аммо муҳимтарин ва бузургтаринаш ҳамоно дарёфти сулҳу Ваҳдат мебошад.
Албатта, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амали гардидани армонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу ороми ва Ваҳдати комили ҷомеа буданд, заминаи воқеи гузошт. Ин дастоварди нодири миллат, ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгарои дар пешрафти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимои ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.
Миллати тамаддунофари тоҷик хуб дарёд доранд, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро бӯҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пешоварда буд.
Хушбахтона бо такя ба сабақҳои таърих, иродаи қави ва талошу корнамоиҳои фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи ҷанги даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушду нумӯи кишвари азизамон заминаи мусоид фароҳам оварем ва нуфузу эътибори давлату миллати хешро дар арсаи байналмилали ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем ва ин ҳам ба мо муяссар гардид. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯзҳо воқеан ҳам аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилали эътироф гаштаю ҳамчун мактаби омӯзиши пазируфта шудааст. Бинобар ин моро имрӯз лозим аст, ки аз ин арзишҳои неъмати бебаҳои таърихи дуруст истифода бурда боз ҳам барои пешрафт ва ба як кишвари пешрафта табдилдодани Тоҷикистони азиз тамоми донишу маллака ва кордони хешро истифода намуда, саҳмгузор бошем. Мавриди зикр аст, ки бо баракати расидан ба Ваҳдати ҷовидонии миллат Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони ҳамчун кишвари дорои амну субот собитқадамона пеш меравад. Бешубҳа, фарҳанги Ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдори ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро ҳарчи бештар таҷассум намоем ва аз нигоҳи илмию назарияви собит созем, ки таъмини сулҳу субот ва амнияти милли орзуи беш аз ҳазор сола дар замири поки ниёгони пурифтихорамон нуҳуфта аст ва ҳеҷ гоҳ мо мардуми шарифи Тоҷикистон намегузорем то ин ки ягон кувваи бадхоҳи давлат ва нотавонбинони миллат садди роҳи расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб шаванд, сулҳу субот ва оромии кишвари азизамонро халал расонад ва мо ҷавонони даврони истиқлолият омодаем, ки ваҳдату якпорчагии Ватани азизамонро зери сиёсати хирадмандонаи Пшвои муаззами миллат абармарди давру замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ивази ҷони хеш ҳифз намоем, Ваҳдатат поянда бод Тоҷикистони азиз.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин