Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ БА МО ЧӢ ДОД?

Барои мо омӯзгорон боиси ифтихор ва сарафрозӣ мебошад, ки чанд рӯз қабл дар қатори дигар қишрҳои ҷомеа ва сокинони шарафманди кишвар аз ҷашни бузург ва сарнавиштсози миллати тоҷик “31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ро бо як ифтихормандӣ дар муасиссаи хеш бо ҷамъи омӯзгорон ва хонандагон таҳти як маҳфили адабӣ-фарҳангии хушу хотирмон таҷлил намудем.
Тавре, ки муҳтарам Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр карданд: ""Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард.""
Гузашта аз ин мавриди зикри хос аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бебаҳотарин ҳадяи Иҷлосияи тақдирсоз мебошад.
Муҳтарам Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон 16 - уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16 - уми шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Раиси шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 дар интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Эмомалӣ Раҳмон барои барқарорсозии сулҳу субот ҷони худро дар хатар гузошта, мамлакатро аз парокандагӣ ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ нигоҳ дошт. У чун фарзанди фарзонаи халқи тоҷик дар пойдорсозии Истиқлолияти миллӣ ва мустаҳкам намудани давлати Тоҷикистон нақши бузург ва созанда бозидааст.
Маҳз бо саъйу кушишҳои Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ва фарҳангу адабиёти оламшумули онро дар арсаи ҷаҳонӣ шинохтанд ва эътироф карданд. Барои чунин ҷоннисориҳояш дар асоси Қарори Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11- уми декабри соли 1999 ба Эмомалӣ Раҳмон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Мо омузгорон аз роҳи тайкардаи пуршараф, пурифтихори пешвои маорифпарвар ва ҷавонпарвари хешро сармашқи кори худ қарор дода, дар таълиму тарбяи насли наврас саҳми хешро мегузорем.
Аз ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат, хосса роҳбарияти Олии он нисбат ба соҳаи маориф огоҳ буда, пайваста онҳоро пайгирӣ менамоям. Ман ҳамчун кадри ҷавони даврони истиқлолият шукронаи Ватани ободу озод ва аминам мекунам. Аз ин ҳама меболам.
Ман, ки сарварии як муасиссаи таълимро бар дӯш дорам, дар тарбияи насли наврас корномаи муҳтарам Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, толибилмонро дар руҳияи ватндӯстӣ ва хештансию ифтихори миллӣ тарбият менамоям. Ин ҳама дастовардҳои дохил ва хориҷи Тоҷикистонро дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ, самараи истиқлолияти комил ва маҳз ана ҳамон Иҷлосияи тақдирсозу натиҷаи роҳбарии дурусти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонам.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин