Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ХОИНОНИ МИЛЛАТИ МО КИҲО БУДАНД ВА КИҲО ҲАСТАНД?

Борҳо таърих собит намудааст, ки миллати тамаддунофари тоҷик дар тулли ҳазорсолаҳои мавҷудият бо ноҷуриҳои замон мубориза  бурда, баҳри ҷовидон ногоҳ доштани таъриху фарҳанги миллати хеш чӣ ҷонбозиҳое накардаанд. агар аз таърих назар афканем  халқи тоҷик аз давраи мавҷудият то ба имрӯз маҳз бо хиёнаткориҳои хоинони миллати худ гирифтори чунин қурбониҳо гардидааст. Замони аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои мардуми кишвари мо соли пур аз фоҷеаву воқеаҳои мудҳиш ба ҳисоб меравад. Зеро агар Истиқлоли давлатӣ барои мо мардуми тоҷик ба осонӣ даст дод, аммо бадхоҳону бадандешони  тавонистанд бо фитнаю дасисабозиҳо давлатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор диҳанд, ки дар натиҷа дар ин бесомониҳо ҳазорон нафар қурбон, садҳо ҳазор занону кӯдакон беваю ятим ва иқтисодиёти мамлкат ба сифр баробар гардид. маҳз хиради азалӣ ва кордонию ҷасурии фарзонафарзанди миллати тоҷик Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо имкон фароҳам оварда шуд, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомуш ва умеди ҳамватанони худро барои зиндагии неку пурсаодат гарм намоем. Ва имрӯз барои ҳар яки мо боиси хушнудиву сарфарозист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон чун давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва ташабускори  мавзуҳои глобалӣ ҷаҳониён мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.  Имрӯз хурду калони кишвар огоҳ аст, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ чӣ корҳои азими бунёдкориву созандагӣ дар кишвар ба роҳ монда нашудааст, ки назирашро ҳеҷ кас дар ёд надорад.

Аммо бо вуҷуди ин ҳануз ҳам каҷбинону каҷназарон ҳамаи ин пешравиҳоро нодида гирифта, бо ҳар рову восита мехоҳанд боз чун як нотиҷиро, ки солҳои 90-ум таҳрезӣ намуда буданду мардумро саргардон  ба роҳ монанд. Лек бехабар аз онанд, ки мардум кайҳост кӣ будани онҳоро медонанду онҳоро ҳамчун хоини миллат мешиносанд.

Фурӯғ 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин