Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ба қадри Ваҳдати миллӣ бояд расид

 

Арзишмандтарин рӯйдод баъди соҳибистиқлолӣ дар фазои кишвари мо ин даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ ва ба ҳаёти осоишта баргаштани гурӯҳҳои даргир буд, ки мо имсол хушбахтона 26-солагии онро дар фазои сулҳу субот ва якдигарфаҳмии комил таҷлил мекунем.

   Дарвоқеъ, баъди оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дастандаркоронаш аз этиқоди сиёсию диннии мардум ба хотири манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ дар кишвар роҳандозӣ сохтан, ба иқтисодиёти кишвар ва ҷону ҳоли мардуми мо зарари зиёд ворид гашт. Касе бовар надошт, ки мо ба сулҳу дӯстӣ шарафёб гардида, ба ин рӯзҳои босаодат мерасем. Хушбахтона интиҳои ҳар як ҷанг сулҳ аст ва барои расидан ба сулҳу осоиштагӣ ақлу заковат ва дараҷаи баланди дурандешию дӯст доштани миллату давлат барои ҳар як инсон хеле нақши калидӣ дорад.

   Барои расидан ба ин рӯзҳо садҳо ҷавонон дар роҳи ҳақиқату ватандӯстӣ ҷони худро аз даст доданд. Ҷавонони ватандӯсти кишвар умри ҷавони худро дар ин роҳ фидо карданд.

   Тасаввур кунед, дунёи ҷавониро ба дунёи сиёсӣ иваз сохтан чӣ қадар сахту вазнин аст. Бо вуҷуди ҷавонӣ Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳаёту фаъолияти худро барои ба сулҳ даст ёфтани миллат бахшид ва ҳамин азхудгузаштанҳо буд, ки имрӯз фарзандону кӯдакон, дар маҷмӯъ ҷавонони мо дар муҳити фарогир аз сулҳу ваҳдат зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд.

   Ба қадри ин неъмати бебаҳо расидан барои ҳар яки мо ҳам карз ҳасту ҳам фарз. Биёед дар якҷоягӣ барои пешрафти кишвари маҳбубамон зери шиори сулҳу ваҳдат ва ҳамдилӣ тамоми имконоти дастдоштаро истифода барем. Зеро тафаккури созанда ва дур аз кибру ғурур сулҳу дӯстиро дар Ватани мо тақвият медиҳад ва барои наслҳои оянда заминаҳои зиндагии шоистаро муҳайё месозад.

   Мо имрӯз вазифадорем, ки дар тарбияи насли нав ва пешгирӣ аз пайвастшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротию террористидошта мубориза барем ва барои таҳкими арзишҳои бузурги миллат-Ваҳдати миллӣ ҳиссагузор бошем. Барои ҳар як сокини кишвар  сулҳу дӯстӣ вожаи хеле азизу муқаддас аст, ки мо аз ин ифтихор мекунем.

  

 

 

                              Сокини н.Ш.Шохин Малоҳат Қурбонова

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин