Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

БА АҚЛИ СОЛИМ, ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ ВА ТАЪКИДҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАКЯ КУНЕМ

 

Аз сарчашмаҳои исломӣ бармеояд, ки терроризм ва экстремизм ифодаи тундгароӣ буда, ҳеҷ рабте ба дини ислом надорад. Яъне зери таъсири андешаи дурӯғи аз доираи таълимоти динӣ берун дар ниҳоди шахс ҳиссёти экстремизм тарбият меёбад. Барои шахси экстремист ягон муқаддасот – Ватан, миллат, мазҳаб арзише надорад. Чунонеки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон доир ба ин масъала зикр намуданд, “Ман чандин маротиба аз минбарҳои СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ таъкид кардам, ки террорист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад”.

Пешвои миллати мо дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки танҳо дар соли 2017 зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии ин ифротгароён қарор гирифтааст.

Маълум аст, ки дини мубини ислом низ чунин зуҳуроти номатлубро дар кадом шакле набошад ва қатъи назар аз он ки аз сӯи кӣ анҷом дода мешавад, ба таври қатъӣ маҳкум менамояд. Зеро Худованд дар Қуръони карим ба инсонҳо дастур медиҳад, ки “дар замин фасод накунед, хуни ноҳақ марезонед”.

Пас, бо такя ба ақли солим, ба таълимоти исломи мубин ва ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷавонони моро мебояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд, то боиси бадноми худ, аҳли хонавода, дину мазҳаб ва дар маҷмӯъ Ватани азиз нагарданд.

Ҳ.Шарипов,

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин