Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

БОЗДИД АЗ ОТРЯДИ САРҲАДИИ САРИЧАШМА

23-декабри соли 2023 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  дар арафаи Соли нави мелодии 2024  аз отряди сарҳадии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  воқед дар Ҷамоати деҳоти Саричашма боздид ба амал оварда, аз шароити буду буш ва шароити хизмати сарбозону афсарон ошно гардиданд.

Дар доираи боздид ба отряди сарҳадӣ маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ ва маҳсулотҳои қанодӣ тақдим намуданд.

Зимни суҳбат бо сарбозон Ректори Донишгоҳ аз таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат нисбат ба афсарону сарбозон ёдовар гардида, ҳозиринро ба хизмати содиқонаву софдилона баҳри ҳифзи якпорчагии меҳани азизамон ҳидоят намуданд.

ҳамчунин дар ҳамин рӯз ба ҳайати шахсӣ  хони идона ороста шуд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин