Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТУҲФАИ ИДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ САРИЧАШМА

Дар арафаи Соли нави мелодии 2024 санаи 26-декабри соли 2023 ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  туҳфаҳои солинавӣ  аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  расонида шуд.

Дар маросими супоридани туҳфаҳо  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳи Ҳамро, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Панҷшанбезода  Миралӣ, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Кӯмакҳо аз либоси гарми зимистона,  пояфзол, маводҳои хӯрокворӣ ва туҳфаҳои солинавӣ иборат буданд. Ҳамзамон барои тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин