Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ ИТТИЛООТИИ ТЭТ НАҲЗАТ ВА ГУРӮҲИ 24 ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ БА ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОН

Дар замони муосир ҳузур надоштан дар фазои маҷозӣ дар шароити феълӣ барои насли наврас ва бавижа, насли ҷавон номумкин аст, зеро ки ҷаҳони мутамаддини инсонӣ бо ин тарзи иртиботи гурӯҳию ҷамъӣ зиндагӣ мекунад ва дур будан аз ин гуна муҳити иттилоотӣ ва расонаӣ дур будан аз воқеият ҳисобида мешавад.
Фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоиву иттилоотии «Одноклассники», «Фейсбук», «ВКонтакте», «Инстаграм» ва василаҳои тамос, назири Вайбер, ВатсАпп ва ИМО аз ҳисоби насли ҷавон воқеиятҳои навро пешорӯйи мо вомегузоранд, аз ҷумла:
1. насли наврас ва ҷавон бар мабнои серҳаракатии физиологӣ бо ҷӯшу хурӯш ба фаъолияти рӯзмарраи интернетӣ, ки талаботи рӯз аст, иштиғол меварзад ва мутаносибан, ба майдони шабакавӣ кашида мешавад;
2. дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мазмун ва муҳтавои муштарак надоранд, наврас ва ҷавон бо сели иттилооти гуногун мувоҷеҳ мегардад ва азбаски омодагии қаблии тафаккурӣ ва зеҳнӣ надорад, ғолибан ба вартаи сардаргумӣ афтида, ҳақро аз ботил, ростро аз дурӯғ, хубро аз зишт, аслро аз маҷоз ва воқеиятро аз ғайривоқеият фарқ карда наметавонад;
3. иттилооти бебаркаш зеҳну тафаккури ҷавононро мушавваш месозад ва бо он ки хазина ё бонки иттилооту маълумоти онҳоро комил мекунад, дар ҳолати карахтии фикрӣ ва маънавӣ нигоҳ медорад;
4. карахтии фикрӣ ва маънавӣ боиси бандубасти тафаккурӣ ва буҳрони эҷодии насли наврасу ҷавон мегардад;
5. раванди мағзшуӣ ва гипнози равонӣ таҳкиму тақвият меёбад ва зуҳуру нуфузи таассубу хурофот дар баданаҳои иҷтимоӣ имконпазир мегардад;
6. хушкандешӣ ва безавқӣ ба унвони аносири ҳувиятбарандоз ва худшикан дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ реша медавонанд ва ҷомеаро аз дарун варшикаста мекунанд.
Ба инҳо монанд мушкилоти дигаре ҳам вуҷуд доранд, ки дар замон ва шароити муосир насли ҷавони ҷомеаро ҳамсафарӣ карда, авзои зеҳнӣ, тафаккурӣ, сиёсӣ, идеологӣ-мафкуравӣ, ахлоқӣ, динӣ-мазҳабӣ ва фарҳангиро дар минтақа муташанниҷ месозанд. Агар ба муҳити иттилоотӣ, расонаӣ ва фазои маҷозии ватанӣ дар даҳ-понздаҳ соли ахир таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки дар ин муддат бар асари мутолиот ва омӯзишу бардоштҳо як навъ мағшушӣ ва сардаргумӣ бар зеҳни қисмати аъзами ҷавони тоҷик мусаллат гардид. Кор то ба ҷое расида буд, ки андеша ва назароти насли ҷавони ба иртибототи ҷамъӣ ва расонаӣ пайваст буда, аксаран дар сатҳи хурофоти динӣ-мазҳабӣ маҳдуд мегардид. Баҳсу мунозироте, ки имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон матраҳ мегарданд, аксаран бар мабнои эҳсосоту тасаввуроти сатҳӣ анҷом ёфта, сатҳи баланди таассубу хурофотро ифода менамоянд.
Ба дунболи ин, солҳост, ки дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ набард ва пайкори пайдарпайи иттилоотӣ ва сиёсию мафкуравӣ ҷараён гирифта истодааст ва тухми кинаву адоват миёни наслҳои ҷавон ва миёнсол, ки фаъолони асосӣ ва ба истилоҳ, сарбозони ҷабаҳоти иттилоотӣ маҳсуб меёбанд, кошта мешавад. Аз сӯйи дигар, иддае аз насли ҷавони ҷомеа ва ҳатто наслҳои миёнсол интиқодро бебаркаш ва бемеъёр истифода бурда, ҳар чӣ дилашон мехоҳад, мегӯянд ва танқидро ба унвони унсур ва мабонии низоми демократӣ ва дунявӣ таҳриф мекунанд. Бо вуҷуди ин, ба зеҳни насли наврасу ҷавон бетаъсир намемонанд ва хангоми бархӯрд бо ин навъ интиқодот онҳо ногузир шефта мешаванд, зеро ки зеҳни таҳлилӣ ва пӯё надоранд ё ин ки хеле заиф фикр мекунанд.
Ҳамин тариқ, расона ва фазои маҷозӣ дар баробари қонеъ сохтани талаботи иттилоотӣ ва зеҳнӣ-маърифатӣ, ба минбари мағзшуӣ ва хурофисозии ҷомеа табдил ёфтааст ва доираҳои махсус тариқи интишори матолиби иғвогарона дар расонаҳои дохилию хориҷӣ ба мардум гӯиё иттилоот ва маърифати наву тоза манзур месозанд. Аммо, дар асл, ин навъи иттилоот ва маълумоти муғризона зеҳни насли наврасу ҷавонро, ки дар ҳоли шаклгирӣ аст, мағшуш месозад ва роҳи ифроту тафритгариро ҳамвор менамояд. Нигаронии мақомоти марбутаи давлатӣ маҳз дар ҳамин ҷараёни ҳадафмандонаи мағзшуии ҷавонон зоҳир мегардад, ки аз тариқи расонаҳои хабарӣ, пойгоҳҳои гуногуни иттилоотӣ, сомонаҳои дохилию хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ густариш меёбад. Бар ин асос, ҷангҳои иттилоотӣ ва муҳимтар аз ин, таҳоҷуми иттилоотӣ яке аз василаҳои корсози бозиҳои сиёсӣ ва геосиёсӣ дар минтақаҳо ба ҳисоб меравад ва пойин бурдан ва коҳиш додани сатҳи ҷаҳолату таассуби динию дунявӣ, ки дар мабоҳиси густурдаи расонаӣ ва интернетӣ инъикос меёбанд, фаъолияти дастаҷамъонаи сохторҳои марбутаи давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ, маърифатӣ ва мадании ҷумҳуриро тақозо менамояд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин