Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ХОИН ҲАР КУҶОЕ БОШАД, ХОИН АСТ!

Вақтҳои охир дар шабакаҳои интернет садоҳои муғризонаву бешармонаи намояндагони ташкилоти мамнӯъшудаи экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзат бо роҳбарии раиси беномусу беори он М.Кабирӣ ва саги ӯ М.Садриддин дар бораи фаъолияти ҳукумати кишвар роҳбарияти он ба чашм мерасанд.
Насли имрӯзаю ояндаи миллат бояд хуб бидонанд, ки сабабгарони асосии бадбахт кардани миллат ва ба вартаи нобудӣ тела додани давлат, яъне хунрезӣ дар баҳманмоҳи соли 1990 ва афрӯхтани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 танҳо ва танҳо террористони наҳзатӣ буданд, ки оқи-баташ ба куштори 150 ҳазор касони бегуноҳ, бе шавҳар мондани ҳазорҳо занҳо, бе падар мондани ҳазорҳо кӯда¬кон оварда расонид, несту нобуд шудани заводу фабри¬каҳо, колхозу совхозҳо, расонидани зарарӣ иқтисодӣ – молӣ бештар аз 5 млрд доллар, бехонумон, гуреза шудани садҳо, ҳазорҳо нафар одамон гардид.
Имрӯз М.Кабирӣ ва сагони дигари наҳзатӣ на¬шармида мақсади ба даст овардани мақсадҳои ғаразно¬кашон ва иҷрои супоришҳои хоҷагонашон фаъолияти иғвогаронаю душманонаашонро идома медиҳанд. Онҳо сафедро сиёҳ мегӯянду худро ҷабрдидаи замон эълон мекунанд. Дар бораи фарзандони баруманди кишварамон, ки дар лаҳзаи душвортарин ҷони худро дар хатар гузошта, ватанро ҳимоя кардаанд, ҳарфҳои носазо мегӯянд. Шояд террористони наҳзатӣ гумон доранд, ки мардуми тоҷик боз ба фиреби онҳо бовар мекунанд. Аммо дигар чунин нест. Тамоми мардум ва ҷомеаи байналхалқӣ ҳам медонанд, ки ТЭТ наҳзат ҳоло як гурӯҳаки заифу нотавон ва дастнигари баъзе доираҳои хориҷии манфиат¬дор асту аз дасташ коре намеояд.
Дастандаркорони ТЭТ наҳзат аз хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои хориҷӣ нисбати кишвари мо бадгӯиҳо мекунанд, албатта ин хидмат барои хоҷагонашон мебошад, то ки боз маблағе ба даст оварда, мақоми худро мустаҳкам намоянд. Агар чунин накунанд, албатта метавонанд хоҷагонашон онҳоро аз худ дур сохта, аз маблағҳои ҳангуфт маҳрум созанд.
Бубинед, ки имрӯзҳо ифротгароёни наҳзатӣ бо якчанд созмонҳои таъсисдодаи сунъиву дурӯғини террористии худ, ки ташкилоти ба ном паймони зиддимиллӣ яке аз онҳост, алайҳи мавқеи ниҳодҳои давлатӣ ва Ҳукумати кишвари мо қарор гирифтаанд. Ин гурӯҳи тундрави сиёсӣ ба миллату давлати тоҷик ҳеҷ иртиботи мазмунию моҳиятӣ надоранд ва ифодагари рӯҳияи миллӣ, арзишҳои миллӣ, фазои миллӣ ва мафкураи мардумӣ нестанд. Онҳо бо роҳу воситаҳои гуногун, аз ҷумла бо пойгоҳҳои иттилоотиашон дар ҳамкорӣ бо баъзе расонаҳои манфиатҷӯи хориҷӣ, ки аксаран таҳти садои доираи наҳзатӣ мерақсанд, бо мақсади тира кардани фазои афкори омма дар Тоҷикистон ва заиф нишон додани мавқеи ниҳодҳои давлатӣ то ҳол фаъолият доранд. Ин хоинон бо мақсади пиёда намудани ғояҳо ва амалӣ намудани манфиатҳои коргардонҳояшон аз тамоми роҳу воситаҳои имкондошта истифода бурда, арзишҳои муқаддасе чун Ватану модар, истиқлолу ваҳдатро поймол мекунанд, ҳол он ки ин арзишҳо бояд барои тамоми афроду ниҳодҳои ҷомеаи мо дар ҳама маврид аз ҳама арзишҳои дигар афзалтар ва муқаддамтар бошанд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин