Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ИҶЛОСИЯИ 21-УМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ДАЪВАТИ ШАШУМ

 

26 декабри соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (даъвати шашум) баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия дар иртибот бо масъалаҳои муҳокимашаванда муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, қисман директорони муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки даъват шуда буданд, иштирок доштанд.
Инчунин дар кори иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб Амиршозода Тоҳирхон иштирок доштанд.
Ба муҳокимаи вакилони иҷлосия масъалаҳои зерин пешниҳод гардиданд:
1. Ҳисоботи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар соли 2023;
2. Дар бораи буҷети маҳаллии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар соли 2022 ва тасдиқи буҷети маҳаллӣ барои соли 2024;
3. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2024;
5. Масъалаҳои ҷорӣ

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин