Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

Нимаи дуюми рӯзи 28- декабри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷаласаи навбатии Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин доир шуд, аъзои Шӯрои ноҳиявӣ, котиби Шӯро, иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома намояндагони суд ва прокуратураи ноҳия маърӯза карданд.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳо раиси Шӯро, раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин ба аъзои Шӯро ва масъулони ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳиявӣ оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи талаботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ҷоннок намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо дастуру супоришҳо доданд. Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини амният тамоми кӯшиш ва фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, аз ҷумла ҳар гуна амалҳои номатлуб, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои эктремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, таълимоти ғайрирасмӣ дар кишварҳои хориҷа, даст задан ба қочоқ, истеъмоли маводи мухаддир ва тақлид ба либоспӯшии бегона равона карда шавад.
Ҳамчунин зикр карданд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бештар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиб оид ба талаботи қонунҳо дар байни мардум зарур мебошад.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин