Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

АҲАМИЯТИ СИЁСӢ ВА ИДЕОЛОГИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР РУШДИ ДАВЛАТ

 

Имрӯз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Яке аз анъанаҳои нек ва муҳимми давлатдории миллии мо ин ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раҳнамо ва барномаи муҳиммии миллӣ барои халқи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он нақшаву ҳадафҳои муҳимми миллату давлат инъикос меёбад. Тули солҳост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон зери ҳидоятҳои дар Паём ирогардида, баҳри рушду пешрафт ва бунёди Ватани зебо кӯшишу талош менамоянд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун кансепсияи бахт ва ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро баён намуда, баҳри рушди истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ ва зиндагии шоистаи мардум ғояҳои созанда пешниҳод мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми Паёмҳои худ дар баробари он, ки масъалаҳои гуногуни ҷомеаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳанд, инчунин ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзи Ватан, ҳимояи марзу бум, таъмини сулҳу сбот ва ҳимояи ваҳдатӣ миллӣ, садоқат ба марзи модар ва замини ниёгон ҷойгоҳи бисёр баландро соҳибанд. Ин нуктаҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022 сол ба таври васеъ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Аз ҷумла дар Паём чунин таъкид гардид: “Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо.” Албатта, мақсад аз чунин суханҳои Пешвои миллат аз он иборат аст, ки ҳар як фарзанди ин сарзамин бояд дар рушди ватани азизи худ саҳмгузор бошад. Арзишҳои миллиро ҳифз намояд ва ба давлату миллати худ содиқ бошад. Имрӯз дар баъзе ҳолатҳо мушоҳида мегардад, ки баъзе афроди ноогоҳ ба Ватанду давлати худ хиёнат мекунад ва барои давлату миллат хатар эҷод менамояд. Бояд зикр кард, ки дар ҳама давру замон инсоният хиёнату хиёнаткориро маҳкум намуда, ҳамчун амали зишт эътироф кардааст. Таҷрибаи таърихӣ низ собит намудааст, ки миллатҳо, фарҳангҳо, давлатҳо ва ҳатто ҷомеаҳои бузург дар натиҷаи хиёнаткории қисме аз афрод ба вартаи нобудӣ расидаанд. Аз ҳамин лиҳоз таъкиди Роҳбари давлат ба маврид аст, ки мо бояд ба ватану давлати худ хиёнат накунем. Имрӯз мардуми Тоҷикистон соҳиби давлат, истиқлолият, фарҳанги миллӣ ва манфиатҳои миллии худ мебошанд, ҳифзи чунин арзишҳо вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Моро муҳим аст, ки баҳри ҳимояи ин арзишҳои бузург ҳамеша омода бошем. Дар ҷаҳони муосир, ки оламро хатару таҳдидҳои гуногун фаро гирфитааст, дар назди мо вазифа ва рисолате қарор мегирад, ки пеш аз ҳама зирак бошем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро пайваста мавриди амал қарор диҳем. Зеро ҳам дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба манфиати ҳар яке аз мо аст. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад. Дар охир ҳар як фарди бо нангу номуси миллатро зарур аст, ки чунин ҳидояти падаронаи Роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳад. “Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам: модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.”

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин