Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

АЗ ФИТНААНГЕЗӢ ТО СУХАНОНИ ПУЧУ БЕМАЪНӢ

Тавре ҳамагон медонем рӯзи 28-декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Бояд гуфт, ки ҳамасола сокинони кишвар Паёми Пешвои миллатро бесаброна интизорӣ мекашанд. Зеро дар он натиҷаи кори яксолаи кишвар матраҳ гардида, ҳадафу мақсадҳо муайяну мушаххас мегарданд.
Паёми имсолаи Президенти кишвар низ дар фазои орому осуда ва бо интизориҳои зиёди сокинон ироа гардид, барои бархе аз хоинону бадбинон ва расонаҳои каҷбин хуш наомад.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат аз дастоварду музаффариятҳои яксолаи бахшҳои мухталифи кишвар ёдовар гардида, натиҷаи ҳамаи ин пешравиҳоро заҳмати аҳлонаи сокинони мамлакат номиданд. Албата ҳар як сухане, ки аз забони Президенти мамлакат садо медод, натанҳо аз ҷониби аҳли толор, балки аз ҷониби тамоми сокинони кишвар бо хушнудӣ қабул мегардид.
Дар воқеъ барои хизматҳои арзанда, ташаббусҳои созанда ва суханони падаронаи ин фарзонафарзанди диёр 120 бор не, агар ҳазор маротиба қарсақ занему соатҳо рост истем кам аст. Зеро дар лаҳзаҳои душвор, ки мардуми кишварро яъсу ноумедӣ фаро гирифта буду ҳамин каҷбиноне,ки имрӯз дур аз Ватан шодии мардумро намехоҳан дидан дар он лаҳзаҳо пайи қатлу куштори мардуми осоишта буданд, маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷони худро сипару оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва давлати навини Тоҷиконро дар як муддати кутоҳ ба ҷаҳониён ҳамчун давлати созандаву соҳибтамаддун муҳаррифӣ намуд.
Афсус, ки имрӯз бархе аз расонаҳои иттилоотӣ бо вуҷуди чунин пешравиҳо ва маҳбубияти Пешвои миллат дар назди сокинони мамлакат, масъалаҳоре матраҳ месонанд, ки касро ба ҳайрат меорад.
Аз ҷумла радиои "Озодӣ" аз Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод ва аз қарсақзании аҳли толор изҳори шиква намудааст. Албата аз сарлавҳаи гузориши мазкур маълум аст, ки ин гуна расонаҳо аз пайи ободии ин ё он кишвар набуда, мақсадашон ҳавзои ҷомеаи солимро ноором сохтан аст. Ва албата аз хушбахтии сокинону эҳтироми онҳо ба Пешвои миллат нороҳат ҳастанд. Ва ба ҳар як музаффарияти кишвар бо нигоҳи бад назар мекунанд. Агар не, чаро се соату даҳ даҳқиқа рост истодану маърӯза кардани Президенти мамлакат дар назарашон натофт. Албата он ҳама масъалаҳое, ки дар Паём садо доданд, мақсаду ҳадаф як буд, ин ҳам бошад ташаббусҳои созанда, ки метавонад дар як муддати кутоҳ Тоҷикистони азизи моро ба як давлати пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон оварда расонад.
Дар баробари ин, хоинони миллат низ аз хурсандии мардум ва истмқболи гарми онҳо аз суханони Пешвои миллат бисёр нороҳат гардиданд.
Дар воқеъ хоин хоин аст. Мақсади ин гуна ашхос танҳо ба даст овардани манфиат асту бас. Зеро онҳо қодиранд бо як миқдор пули кучак аз баҳри зану фарзанд ва халқу Ватан гузаранд.
Муҳаммадиқбол, ки бо чунин кирдорҳои нангинаш барои мардуми кишвар ошно аст тариқи саҳифаи ислоҳ нет доир ба Паёми навбатии Пешвои миллат изҳори андеша намуданд. Аз сарлавҳа ва масъалаи муҳокимашуда маълум буд, ки ин курнамакон аз шодии мардуми тоҷик нороҳат гардидаву бо ҳар роҳу восита мехостанд фикри мардумро ба дигар тараф кашанд. Ҳар як сухан, ҳар як пешниҳод, ҳар як мақсаду ҳадафе, ки аз ҷониби Пешвои миллат садо медоду аз ҷониби аҳли толор бо хушнудӣ қабул мегардид, ин бадбахти миллат чӣ кор карданашро намедонист. Зеро ҳар як амали неки роҳбари кишвар нақшаи касифонаи ин хоинонро, ки хоҷагонашон онҳоро бо як умед маблағгузорӣ мекунанд барбод медиҳад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо суратҳисобҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаву аз мардум, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмак талаб намуда истодаанд.
Гуфтам ва бори дигар такрор мекунам, ки лозим шавад соат не балки рӯзу моҳ рост истода қарсақ мезанем. Зеро хизматҳои ин марди фозил шоҳистаи дастгириву эҳтиром аст. Мо ҳар як муваффақияти худро аз хизматҳои оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонем.
ФАРИДУН РАҲМОНИЁН

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин