Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №7

 

Нимаи аввали рӯзи 5- январи соли 2024 дар доираи сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид ва дигар намояндагони расмӣ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар деҳаи Дараи об, Ҷамоати деҳоти "Доғистон" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилооти ба дастомада, сохтмони муассисаи мазкур моҳи марти соли 2021 оғоз гардидааст. Муассиса аз ҳисоби Бонки Исломи Рушд бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фаридун” - и шаҳри Кӯлоб сохта шудааст.
Муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаи таълимӣ бо тамоми шароити муосир мебошад. Муассиса дорои майдончаи варзишӣ буда, дар гирду атроф дарахтони сояафкан шинонида шудааст. Шароити муассисаи таълимӣ ҳозиразамон буда, кабинетҳои фаннии физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон дорад. Ҳамаи синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ ва компютер ҷиҳозонида шудаанд. Муассисаи таълимӣ бинои ёрирасони бо андозаи 20 м барои нигоҳдории захираҳои зимистонаро доро аст.
Масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимӣ 1,7 га ва масоҳати бинои таълимӣ 568 метрро ташкил медиҳад, масоҳати синфхонаҳо 508 метр, иқтидори лоиҳавӣ барои 240 нафар хонанда дар як баст мебошад. Муассисаи таълимӣ бо Маркази гармидиҳӣ таъмин буда, метавонад ҳамаи синфхонаҳоро дар як вақт гарм нигоҳ дорад.
Муассисаи таълимӣ хонандагонро дар ду баст ва се зинаи таҳсилот ба таълим фаро гирифта, аз ҳудуди деҳа 456 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 39 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба таълиму тарбия медиҳанд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин