Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ЗИРАКИИ СИËСИИ ҶАВОНОН КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад, ки бо Афғонистон, Хитой, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамсарҳад аст. Мутафаккири бузург Эрнест Хемингуэй гуфта буд, ки: “Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад”.
Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон баҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.
Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурўҳҳои эктремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рўҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурўҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба вуҷуд меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.
Саркардагони “Гурӯҳи 24”, хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷии худбуда, бо ҳар роҳу восита амалҳои Ҳукумати мамлакатро дар сомонаҳои интернетӣ сиёҳ нишон медиҳанд, аз зудбоварию булҳавасӣ, аз паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии ҷавонон истифода менамоянд. Саркардагони ин гурӯҳҳо хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд, онҳо дар атрофи худ ба мисли худашон ашхоси бесаводу гумроҳро гирд оварда, корҳои ифротии худро зери фармонҳои хоҷаҳои хориҷӣ давом диҳанд. Аммо, онҳо ҳеҷ вақт ба мақсаҳои хоинонаи худ расида наметавонанд.
Имрўз, ки мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омӯзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда истодаем, бояд зиракии сиёсӣ ва ҳисиёти миллӣ дошта бошем, манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло гузошта, ҳамеша дар ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳар фарди тоҷикистонӣ вазифадор, ки пеш аз ҳама, худаш намунаи ибрат бошад, нангу номуси ватандорӣ дошта бошад, мардуми кишвар ва ҷавононро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирад, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошад.
Мо,ҷавононро мебояд бо истифода аз шарту шароити замони соҳибистиқлоли давлатӣ, ки бо заҳматҳои абармарди аср -Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ба қадри он бирасем ва барои пешрафту тараққиёти кишвари азизамон - Тоҷикистон камари ҳиммат баста, ҳама вақт саҳмгузор бошем.
Оятулло РАҶАБЗОДА

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин