Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

НАҚШИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА АҲАМИЯТИ МУҲИМ ВА ХОСАИ НАЗАРИЯВӢ-АМАЛӢ ДОРАД. ВОҚЕИЯТИ ЗИНДАГӢ ВА ҲАЁТИ ИМРӮЗАИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ СОБИТ НАМУДААСТ, КИ АГАР ШАҲРВАНДОН МАЪРИФАТИ ЗАРУРӢ ВА САТҲИ БАЛАНДИ ХУДШИНОСӢ НАДОШТА БОШАНД, ДАР МИЁНИ ОНҲО ВАҲДАТУ ЯКДИЛӢ ТАЪМИН НАМЕГАРДАД.
Тавре ки маълум аст, яке аз омилҳои асосӣ барои рушди ҳар кишвар дар қатори дигар арзишҳо, захираи инсонӣ, аниқтараш ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Боиси зикр аст, дар кишваре, ки беш аз 70 дарсади аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад. Зеро Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ қайд намуданд, ки “Истиқлолият ҳамон вақт маҳфум ва моҳияти воқеӣ пайдо менамояд, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, ба ҳифзи дастовардҳои кишвари соҳибихтиёри худ ҳамеша омода ва аз равандҳои солиму носолими ҷаҳони имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву муосири халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд.”
Ҳамчунон қайд кардан ба маврид аст, ки рушду пешрафт ва нуфузи ҳар давлат дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҷавонон он то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва донишу малакаи замони муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд дарк менамоянд. Маҳз ҷавонони боистеъдод қудрат доранд, ки хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд.
Бо ин мақсад, қайд намудан лозим аст, ки яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои кишвар арзёбӣ мегардад. Яъне ҷавонони Тоҷикистон бояд фаъолияти худро барои устувор гардонидани ягонагии Тоҷикистон ва беҳтар намудани шароити зиндагии халқ равона созанд. Сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурии мо бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккулёфта, айни ҳол ба устувории иҷтимоӣ-сиёсӣ ва андешидани маҷмӯи тадбирҳо, ки барои инкишофи минбаъдаи он зарур аст, ниёз дорад. Бояд таъкид намуд, ки ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ дар пойдорӣ ва устуворгардонии сиёсати давлатии ҷавонон нақши муҳим мебозад.
Дар ин миён бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаётии онҳо, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон” барои давраҳои муайян қабул гардидаанд, ки амалисозии онҳо боиси боз ҳам мураккабшавии нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа мегардад.
Самти дигари сиёсати давлатии ҷавонон, ки баробари ташкилёбии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзи вуҷуд кардааст, дар ҷавонон тарбия намудани руҳияи ватандӯстӣ , эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои шахс , нигоҳдорӣ ва ғанӣ гардонидани фарҳанги миллӣ, муносибати некбинона, нисбат ба таъриху гузаштаи халқи тоҷик ва дигар халқу миллатҳо мебошад. Ҳамин тавр, ҳадафҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар тамоми сатҳи ҳокимияти давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бевосита татбиқ карда шавад. Дар назар бояд дошт, ки ҳадафҳои муқарраргардида бо мақсаду мароми мақомоти давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бояд мувофиқ бошад . Зеро сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонии оилаҳо, корхонаҳо ва идораҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандӣ ки фаъолияташон бо ташкили шароит ва мусоидат кардан ба ҳалли масъалаҳои ҷавонон нигаронида шудааст, аҳамияти муҳим дорад
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар тамоми самтҳои гуногуни хоҷагии халқ, сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустӣ , саноат ва ба монанди онҳо саҳми намоён доранд, зеро аз ҷониби давлату ҳукумат нисбати онҳо таваҷҷуи хосае зоҳир мегардад, ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимаи миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Чун агар ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ назар андозем, хоҳем дид, ки натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст. Бо такя бар ин гуфтан лозим аст, ки дар нахустин Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17 марти соли 1994 Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳайё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додем дубора барқарор намоем ва дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя бояд намуд”. Чунки Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимаи миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Мо ҷавонон дар баробари ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳем, ки баҳри ҳифзи Ватани азизамон кӯшиш намуда, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор менамоем ва баҳри дифои он аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзем.
Бобиева Гулафрӯз

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин