Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ПАЁМИ СОЛОНА СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИСТ !

Вақте, ки халқ бесавод мемонад ин бадбахтии миллат аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Паём роҳнамои зиндагӣ, таҳкими осоиштаги ва санади муҳимми сиёсию ҳуқуқиест, ки барои таҳкими сиёсати дохилию хориҷӣ ва рушди босуботи тамоми соҳаҳои ҳаёти бахшида шудааст. Тадбиқи вазифагузорӣ дар ин самт метавонад дар таҳкими фазои ҳуқуқии давлату ҷомеа саҳми арзанда гузорад. Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ қайд намуданд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Ин гуфтаҳо ба он асос мегардад, ки Роҳбари давлат дар асари худ “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” қайд намуданд, ки “Мо таҷрибаи ҷаҳонии давлатдорӣ, омилҳои сиёсию иқтисодӣ ва миллию фарҳангии мамлакатро дар марҳилаи гузаштаву имрӯза омӯхта, роҳи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро интихоб кардем” "Ягон самте нест, ки дар он саҳми ҷавонон набошад! Ҷавонони имрӯза дигаранд, ҳисси миллӣ ва эҳсоси худшиносӣ доранд! Ҷавонони мо ба ҳар кор қодир ҳастанд!" Ҷавонони даврони истиқлолият аз ҷавонони пеш куллан фарқ мекунанд, ҷавонони мо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ ва Ватандӯсти доранд. Олимони ҷавонро тарбия кунед, фақат як қоғаз надиҳед - ақл диҳем, касб диҳем.
ИҚТИБОСҲОЕ АЗ ПАЁМ
СОЛИ 2024 СОЛИ "МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ" ЭЪЛОН КАРДА ШАВАД!
Дар дунё аз ҳама арзонтарин қувваи барқ дар Тоҷикистон аст.
Биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил медиҳем!️
Танҳо соли 2023 варзишгарони точик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 343 медал ба ватан оварданд.
Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои маблағгузориашон ба самти маориф, дар ҷои 21 ум қарор дорад’’.
Омӯзиши забони хориҷиро аз боғча оғоз кунед!
Ҷавонон имрӯз ба ҳама кор қодир ҳастанд.
Ҳар нафаре, ки нисбати падару модар ноҳурматӣ мекунад, дуои некашонро намегирад, умри бобаракат намебинад!
Аз 41 ҳазор ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, беш аз 11 ҳазор нафарашон бонувонанд.
Агар ҳар сол нафақа, маош ва стипендияҳоро ба 40% бардошта тавонем, дарозумарии аҳолии Тоҷикистон дар байни 10 сол ба 100 мерасад.
"Ман ҳар ҷое, ки сафар мекунам аввал аз ҳолу аҳволи ятимон хабардор мешавам. Ятимони мо ҳатто худро ятим эҳсос намекунанд"
Соли 2023 ҳамагӣ 15 ёдгории таърихии тоҷикон ба Феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО шомил шавад.
Табиати Тоҷикистон - табиати биҳиштосо аст. Бояд, ки мардумаш беш аз сад сол зиндагӣ кунад.
Дар оилае, ки савод набошад, чӣ гуна фарзандон таълиму тарбия мегиранд. Бояд падару модарон дар ҳаққи фарзандон зомин нашаванд ва ояндаи онҳоро фикр кунанд.
Соли 2025 агрегати 3-юми Неругоҳи Барқи Обии Роғун ба истифода дода мешавад.
Ҳар як оила бояд маводи ғизоии ду сола захира дошта бошад.
Бояд қайд намуд, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муқаррар гардидааст. Ҳар яки мо минбаъд мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Бо ҳамин восита метавон гуфт, ки Паёми Роҳбари давлат муҳимтарин санади сиёсию ҳуқуқии давлатдории миллӣ буда, дар таҳкими рушди ҳокимияти маҳаллӣ нақши босазо мегузорад. Вазифагузорӣ дар амалияи ҷамъияти дар ин самт метавонад самаранокӣ ва таҳкими мудирияти маҳаллиро пурзур намояд. Сипос ба Сарвари давлат, ки Паёми имсоларо хело оли ва таҳлилҳои сиёсиву амиқи ҷамъияти ба зимми мардум расондаанд...
Кулмамадова Тонак Мамадназаровна

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин