Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ

Ватан ­ мафҳуми муқаддас ва азиз барои ҳар як шахс ба ҳисоб меравад. Ватандӯстӣ яке аз боарзиштарин сарват дар ҳаёти шахс, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, сатҳи баландтарини рушдро тавсиф менамояд. Ватандӯстӣ муҳаббатро ба Ватани худ, ҷудонопазирӣ бо таъриху фарҳанг, тоб овардан ба ҳама гуна мушкилот ва ахлоқи шахсро ташаккул медиҳад, мавқеи шаҳрвандӣ ва фидокориро ба Ватан ифода мекунад.
Боиси зикр аст, ки масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дошта, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии худро ҳанӯз аз соли 1994 ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст. Тавре дар моддаи 43 он зикр гардидааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва як қатор барномаҳои давлатӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадаанд, саривақтӣ буда, баҳри баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон, дар тафаккури онҳо эҷод намудани ҳисси баланди садоқат ба Ватан, хизмати фидокоронаю беғаразона ба халқу Ватан, муҳаббат ба кишвари маҳбубамон Тоҷикистон, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгонамон заминаи мустаҳкаме фароҳам меоварад.
Бояд қайд намуд, ки вазъи ҳасосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккил, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад. Маҳз, аз ин нигоҳи назар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027” иқдоми саривақтӣ мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии пурмӯҳтавои худ баён доштанд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”. Воқеан ҳам Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намуданд, зеро заминаи рушди ҳар як давлат ва ҷомеа ин дарки баланди ватандӯстӣ ва дар тафаккури шаҳрвандон эҷод намудани ҳисси садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан мебошад.
Ватандӯстӣ дар шахсияти шахсе пайдо мешавад, ки аз ҷудонопазирии Ватан дарк менамояд. Ба ақидаи мутафаккирони форсу тоҷик: “Табиат, падару модар, хешовандон, ватан, одамон калимаҳои тасодуфӣ нестанд. Ин зарур аст, зеро мо падару модар, фарзандон, Ватан, ҷои таваллудро интихоб намекунем". Воқеан, падидаи ватандӯстӣ ифодакунандаи эҳсосоти гарм, яъне ҳолати рӯҳии инсон, муҳаббати вай нисбат ба Ватан, арзишҳои миллӣ, таърихию фарҳангӣ мебошад. Ин хиссиёт, одатан дар шахс аз оила ва мактаб ба вуҷуд меояд ва ҳангоми аз тарафи давлат қабул кардани барномаю стратегия ва қонунҳо барои огоҳи доштан ва такмилу муқовимат нишон додан бар зидди ҳамагуна таҳдиду амалҳои номатлуб бедор карда мешавад.
Аз ин лиҳоз моро, махсусан ҷавонони бонангу номуси Ватанро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба қадру эҳтироми дастоварди бебаҳои таърихии худ расида, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва дастуру супоришҳои Президенти кишвари азизамон Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар зери парчами худ муттаҳид бошем.
Гулваши Иброҳим

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин