Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

НАҚШИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар ҷаҳони муосир хатари терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои ташвишовар ба ҳисоб меравад. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми давлатҳои ҷаҳон сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо карда истодаанд. Зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид, зуроварӣ, расонидани зарарҳои ҷисмонӣ, моддию маънавӣ, бенизомӣ, ҳамчунин вайрон кардани сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият, барангезиши низоъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад. Маҳз барои ҳамин дар тамоми қишри ҷомеа барои несту нобуд кардани ин падидаи номатлуб омӯзишҳову пажуҳишҳо гузаронида истодаанд.
Муссаллам аст, ки терроризм ва экстремизм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳони муосир доман паҳн карда амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаро воқеан халалдор месозад. Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашудаи солҳои охир дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдидҳои нави террористӣ аз байн нарафта, балки рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодааст. Дар гӯшаҳои гуногуни олам фаъолшавии созмонҳои террористию экстремистӣ ба мушоҳида мерасад.
Тазаккур бояд дод, ки дар замони муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилотҳои террористиро муайян кардан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадаф ва фаъолияту амалашонро махфӣ нигоҳ медоранд. Ба ин қабил гурӯҳҳо ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ (аз соли 2015 инҷониб фаъолияташ манъ карда шудааст) мисол шуда метавонад, ки дар солҳои аввали фаъолияташ ҳадафҳои нопоку ғаразнокашро нисбат ба миллати тоҷик ва Тоҷикистон зери шиори ислом пинҳон карда буд. Имрӯз он ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, аъзоёну пайравонаш, ки аксаран ба ҷиноятҳои вазнин даст зада буданд, ҳамчун хоинони миллату давлат шинохта шудаанд.
Ташкилоту созмонҳои фаромилии террористию экстремистӣ хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва доимо ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Инчунин, дар таблиғи ақидаҳои террористию экстремистӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни тамоми қишри ҷомеа, махсусан ҷавонон таблиғу интишор мекунанд.
Дар ҷаҳони муосир бештар дар бораи як қатор ташкилоту созмонҳои номдори террористию экстремистӣ андешаҳо иброз медоранд ва муборизаҳои зиддитеррористӣ асосан бар муқобили онҳо нигаронида шудаанд. Ба ин гурӯҳҳо ҳаракатҳое бо мисли «Давлати исломӣ», «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон», «Ҷамоа-ал-исломия» (Миср), ЕТА («Ватан ва озодии баскӣ»), «Ҷунбиши мухолифати исломии Ҳамос» ва монанди инҳо шомил мешаванд, ки барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд ва дар шароити имрӯза тавлидгари асосии равияву ақидаҳои динӣ-мазҳабии хусусияти террористиву экстремистидошта дар давлатҳои шарқи мусулмонианд. Созмонҳои номбурда на танҳо боиси ҷангу низоъҳо дар Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ мегарданд, балки вазъи тамоми ҷаҳонро тезу тунд ва мураккаб месозанд. Маҳз барои ҳамин ҷомеаи ҷаҳонӣ муқобили ин гуна гурӯҳу созмонҳои хатарнок мубориза мебаранд ва дар минтақаҳои пешрафта алайҳи террористону ифротгароён садоҳо баланд мекунанд.
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷаҳон дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Дар даҳаи дуюми асри XXI, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд ва ин зуҳуроти номатлуб ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.
Мутаассифона, дар натиҷаи чунин амалҳои террористии бо ном исломиён, шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд меорад ва барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад.
Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Шарқи Наздик, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният ва истиқлолияти марзиву ҳудудии кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Сабаби асосии ҷалб гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои хусусияти террористию экстремистидошта, ин пеш аз ҳама зери шиори дини ислом рӯйпуш кардани ҳадафу ғаразҳои нопокашон ба ҳисоб меравад. Аммо бояд қайд кард, ки ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Чуноне ки, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонааш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 қайд карда буданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр бошанд, барои ҳимояи манфиатҳои халқу давлати тоҷик омодагӣ нишон диҳанд. Зеро озодиву истиқлолият барои ҳар як миллат дастоварди бузургтарин буда, бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он тамоми саъю талоши худро равона сохтан лозим аст, зеро ин неъмати бузургест, ки ба ҳар миллат муяссар намегардад.
Дар баробари ин, солҳои аввали истиқлолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд. Чунки, ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонид. Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардум таҳмил додани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардида, кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.
Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.
Солҳои охир диққати асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шудааст.
Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.
Ин воқеаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як тараф, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз тарафи дигар таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ҳодисаҳои зикршуда, равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки пеш аз ҳама ҷавонони тоҷик ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошанд.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 қайд карданд: «Ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест. Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд». Зеро, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Озодаи ОРЗУ

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин