Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ПЕШГИРӢ АЗ ХАТАРИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

 

Асосгузори сулҳу аҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паём худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори натиҷаҳои назаррас ва дастовардҳо аз масъалаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифродгароиву террористӣ қайд менамоянд. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат чунин қайд мекуданд: «Имрӯз хатари тероризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир афзоиш ёфта истодааст. Шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз паст нашудааст. Дар ин раванд диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад. Ба ин хотир Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш ба зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба пешгирӣ ва мубо¬риза бар зидди терроризм, таъмини ам¬нияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир менадешад.Вале, терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст”.Таъсири манфии ин зуҳуротҳои номатлуб бахусус пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ бештар зоҳир шуд, ки сабаби асосии он ноустувории давлатҳои тозаистиқлол ва дуруст дарк карда натавонистани моҳияти демократиява шакли нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Барои ин ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расида, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намуда ва ҳифз намудани онҳоро ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошанд, дониста бошем. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 як нуқтаи бисёр муҳимро барои мо зикр намуданд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъминнамудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем ”.
Барои ин мо омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу субот, истиқлолияти комили кишвар ва тарбияи дурусти хонандагону ҷавонони мамлакат тамоми саъю кушиши худро равона намуда, бо тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, тамаддуну анъанаҳои қадимаи худ дар пойдории суботи миллӣ саҳмгузор бошем.
Абдусудур Раҳмонов

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин