Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: РОҲНАМО БАРОИ ҲАР ЯКИ МО

 

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28- уми декабри соли 2023 оид ба самтҳои асосии тадбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баён гардид, дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи роҳбари давлат бо сокинони ноҳия ва кормандони касбу кори гуногун суҳбату вохурӣ доир намуда истодаанд.
Чунин як вохӯрӣ рӯзи 22.01 2024 аз тарафи муовини раиси ноҳия Ғоибзода Насимҷон бо кормоандони соҳаи тандурстӣ ва ҷавонону варзиш баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла иҷрои қисми даромади бюҷети давлат, суръати рушди иқтисоди миллӣ, зиёд гардидани даромади пулии аҳолӣ, паст гардидани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, диққати асосӣ ба масъалаи сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва дар марҳилаҳои гуногун то 40 дарсад баланд гардидани музди маоши кормандони сухтору мақомоти гуногуни кишвар дар давоми соли равон бо қаноатмандӣ шарҳ дода шуд.
Дар суҳбат масъалаҳои диққати хос ба таълиму тарбияи фарзандон, дар руҳияи худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас, бедор намудани завқи китобхонӣ дар ниҳоди онҳо, вусъати корҳои ободонӣ, сабзу хуррамгардонии кучаву хиёбон, гулшинонӣ дар назди хонаҳои истиқоматӣ ва амалҳои сабзгардонӣ бо назардошти вазъи тағирёбии иқлим дар сайёра таъкид шуда, саҳми дастаҷаъмонаи мардум дар иҷрои самараноки супоришҳои Роҳбари давлат муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин вобаста ба авзои имрӯзаи ҷаҳон, то рафт доман паҳн намудани амалҳои экстремистию террористӣ изҳори назар карда шуда, амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025"-ро дар ноҳия мавриди таҳлил қарор доданд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин