Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

РАСОНИДАНИ МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДОҒИСТОНИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

Рӯзи 31-январи соли 2024 дар хонаи фарҳангии Ҷамоати деҳоти Доғистон бо иштироки раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин бо ҳайати гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади расонидани мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ, инчунин раисони маҳаллаҳову фаъолони аҳли Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин баромад намуда, оиди мӯҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.
Дар Паёми навбатӣ доир ба ҷараёни корҳои созандагию ободонии кишвар, амалигардонии нақшаву стратегияҳо, барномаҳо ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум ва дар вазъи хеле мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарин қарор доштани инсоният таъкид гардид. Сарвари давлат дар Паёми хеш аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлатро аз ин ҳам ободу зеботар мегардонад.
Ҳамчунин дар паёми имсола доир ба самтҳои натиҷаҳои бадастомада дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ, нақшаҳои бунёдӣ барои давраҳои минбаъда, натиҷаҳои асосии рушди иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2023, дастовард ва мушкилоти соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва роҳҳо, сохтмон, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, масъалаҳои бонувону занон, ҷавонон ва варзиш, қонуният ва ҳифзи тартибот, сиёсати хориҷӣ сухан рафта, қайд карда шуд, ки соли 2023 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.
Дар баробари ин, ҷиҳати ғамхорӣ зоҳир намудан ба мардуми кишвар ва дар ин замина боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки
–аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.
Ҳамчунин аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шуда, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Умуман дар Паёми имсола тамоми паҳлуҳои иҷтимоию иқтисодии давлат мавриди таҳлил қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайяну мушаххас гардиданд.
Гулзода Зафар Шамсуддин доир ба масъалаҳои марбут ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби ифротгаро аз ҷумла терроризму экстремизм, зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳо ва сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар суханронӣ намуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин