Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар рӯзи 1-феврали соли 2024 дар ҷамоатҳои деҳоти Чагам ва Саричашма вохӯрии судманд доир гардид, ки дар он раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин зикр намуданд, ки паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои кулли сокинони мамлакат ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дарбар мегирад. Ҳамзамон, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ зимни суҳбат аз вазъи ногувори ҷаҳони муосир, то рафт паҳн гардидани ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои ногувор ёдовар гардида, сокинонро бо меҳнати ҳалолу татбиқи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат роҳнамоӣ намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои зарурӣ ҳануз ҳам ҳолатҳои пайвастшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди нашъадор, риоя нагардидани талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи мпсъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба мкшоҳида мерасад.
Бояд зикр кард, ки чунин суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин