Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

РАСОНИДАНИ МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Рӯзи 2 феврали соли 2024 дар бо иштироки раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин бо мақсади расонидани мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли фаъолони Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин зикр намуданд, ки дар Паёми навбатӣ доир ба ҷараёни корҳои созандагию ободонии кишвар, амалигардонии нақшаву стратегияҳо, барномаҳо ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум ва дар вазъи хеле мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарин қарор доштани инсоният таъкид гардид. Сарвари давлат дар Паёми хеш аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлатро аз ин ҳам ободу зеботар мегардонад.
Дар паёми Сарвари давлат дар бораи рушди устувор сухан меравад, ки индикаторҳои он-сифати зиндагӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, дараҷаи рушди иқтисодӣ, даромад, сатҳи таваррум, дараҷаи шуғл, дараҷаи татбиқи ҳуқуқи инсон, содирот ва воридот, муътадилии экологӣ, дарозумрии ҳаёти инсонӣ, саломатӣ, ба меъёрҳо ҷавоб додани вазъи муҳити зист; дараҷаи дониш ва таҳсилот, малака; ва ғайра ба шумор мераванд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Зикр карда шуд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.
Ҳамчунин дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳамчунин дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.
Дар анҷоми суханронӣ раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин бораи риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" таъкид намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар решакан намудани экстремзм ва терроризм, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир саҳмгузор бошанд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин