Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ - ҶУЗЪИ АСОСИИ АМНИЯТИ ҶОМЕА

Асри навини 21-ро бе таҳаввулоти асосии он, густариши илмҳои технологӣ ва технологияи муосири ҳамакора тасаввур кардан ғайриимкон ва аз мантиқу ҳақиқат дур аст. Технологияи навин то ҷое ба фаъолияти инсон таъсири худро расонидааст ва ҷузъе аз ҳаёти инсоният мубаддал гаштааст.
Шабакаҳои иҷтимоӣ функсияҳои гуногунро аз қабили коштани ахборот оиди шахсияти худ, табодули ахборот бо ашхоси дигар, гузоштани аксҳо, наворҳо, барқарор намудани шиносоиҳои гумкарда дорост. Ҳамзамон шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳайси воситаи худтакмилдиҳӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, хондани китобҳои гуногун ва гуш кардани мусиқӣ хидмат мерасонанд.
Дар баробари доштани функсияҳои мусбӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ дорои якчанд хосияту равандҳои манфӣ низ мебошанд. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи аз ҳад зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ нооромиро ба вуҷуд оварда, одамонро асабонӣ менамоянд.
Дар ҷомеаи иттилоотии босуръат рушдёбандаи Тоҷикистон истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) омили муҳим буда, дар равандҳои сиёсии ҷомеа ба таври васеъ истифода мешавад.
Бояд гуфт, ки тайи ду даҳсолаи охир интернет ба яке аз воситаҳои муҳимтарини фаъолияти сиёсӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва инқилобҳои ранга дар манотиқи мухталифи ҷаҳон нишон медиҳад, ки чӣ гуна кишварҳо ва гуруҳҳои алоҳидаи ба ин равандҳо манфиатдор бо истифода аз интернет ҳамлаҳои ҳакерӣ анҷом дода, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи сиёсати ҳукумати кишвар маълумоти бардурӯғ паҳн карда, ба шуури шаҳрвандон таъсир мерасонанд. Илова бар ин, гуруҳҳои манфиатдор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ миллионҳо паём мефиристанд ва дар маҷмуъ дар байни аҳолӣ дар бораи сиёсати давлатии кишварҳо, мушкилоти дохилии онҳо, мавқеи як кишвар дар нисбати дигар кишварҳо, аз ҷумла мавқеи нодурусти ҳизбҳо ва ғайра маълумоти интиқодӣ паҳн мекунанд.
Яке аз усулҳои истифода аз ТИК эҷоди ҳазорон корбарони қалбакӣ бо номҳои маҳаллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё бо истифода аз ҷавонон барои паҳн кардани иттилооти “қалбакӣ” ё “фейкӣ”мебошад.
Таҷрибаи баъзе кишварҳо дар раванди нооромшавии субот нишон медиҳад, ки ба ин васила кишварҳо ва гуруҳҳои манфиатдори алоҳида ба мафкураи мардум таъсир расонида, як навъ бадбиниро ба вуҷуд овардаанд. Бархе аз кишварҳо аллакай ҳазорон корбарони фейкиро бо номҳои маҳаллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян карда, фаъолияти онҳоро маҳдуд ва ғайрифаъол кардаанд, то аз ҳамлаҳои хакерӣ пешгирӣ ва ба ин васила амнияти иттилоотии худро таъмин кунанд.
Бояд гуфт, ки амнияти иттилоотӣ бештар бо сиёсат алоқаманд буда, ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошад. Ҳадафҳои стратегӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дар соҳаи амнияти иттилоотӣ дар асоси манфиатҳои миллӣ ва иттилоотии кишвар ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, метавон иброз дошт, ки амнияти иттилоотии давлат ва ҷомеа бо устувории соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳолати ҳифзи онҳо аз таъсири манфии иттилооти зараровар алоқаманд аст. Ба ибораи дигар, амнияти иттилоотӣ қобилияти безарар гардонидани таъсири иттилооти манфӣ мебошад.
Мафтуна СУЯРЗОДА

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин