Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Мафҳуми “манфиати миллӣ” аз замонҳои қадим маълум аст. Онро ҳанӯз муаррихи Юнони қадим Фукудид барои ифода кардани муносибатҳои давлатҳои замонаш – Афина ва Спарта истифода кардааст. Таркиби мантиқии ин тафсир дар он аст, ки олими Юнони Қадим барои барқарор кардани муносибатҳои иттифоқӣ, мувофиқ омадани манфиатҳои миллиро муҳим медонист. Аз охирҳои асри XVIII ибораи “манфиати миллӣ” хеле маъруф ва то андозае дар муносибатҳои байналхалқӣ муд гардид. Дар ҳар сурат, муҳтавои мафҳуми мазкур, бояд манфиатҳои воқеӣ ва ҳаққонии худи миллатро ба таври объективӣ ифода кунад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, кӯшишҳои бунёдии давлатҳо, бояд ба қонеъ кардани талаботи ҳақиқӣ ва воқеии миллат равона карда шаванд.
Принсипҳои маъмулии манфиатҳои миллӣ аз мавқеи назариявии Ғарб дар шарҳи зер аст: “Консепсияҳои ба худ хос ва бағоят универсиалӣ, ки барои давлат ҳаётан муҳим мебошанд, ба монанди: худмуҳофизаткунӣ, мустақилият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти ҳарбӣ ва шароити хуби иқтисодӣ. Бо он сабаб, ки ҳеҷ кадоме аз мафҳумҳои зикрёфта наметавонанд истисно ва ё дар алоҳидагӣ бартарӣ дошта бошанд, дар маҷмуъ онҳоро бо тафсири 2 “манфиатҳои миллӣ” ифода мекунанд”. Бо дарназардошти ин масъала мо ҷавононро зарур аст, ки манфиатҳои миллӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии худро хуб донем, иқтисоди миллиро рушд диҳем, иҷтимоиётро ривоҷ дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва фарҳангу маданияти хешро бо ҳама суннатҳояш арҷ гузорем. Ҳамзамон дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт рақобатпазирии истеҳсолоти миллиро таъмин намуда, манфиатҳои умумимилиамонро ҳифз намоем.
Манфиатҳои миллии мо пеш аз ҳама ҳифзи сохти давлатӣ, истиқлоли давлатӣ, ваҳдат, ягонагӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои табиии кишвар, махсусан захираҳои обӣ, рушди иқтисоди миллӣ, нигоҳдошт ва баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишвар, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, расму оин ва ҳуввияти миллӣ мебошад. Ташаккули маҷмӯи манфиатҳои миллӣ як раванди тӯлонӣ ва пайдарпай мебошад, ки дар шароити мураккаби таърихии омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, психологӣ, фарҳангӣ ва ғайра сурат мегирад. Аз ин рӯ, манфиатҳои миллӣ бо поягузорон - халқ ва таърихи онҳо бебаҳоянд. Онҳо бо худмуайянкунии миллати мушаххас робитаи наздик доранд.
Масъалаҳои гуногуни манфиатҳои миллӣ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати пешгирифтаи мукаммали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун масоили афзалиятноки инкишофи сиёсии мамлакат мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ вазъияти мамлакат ба куллӣ дигар шуд, ҳисси ватандӯстии одамон, боварӣ ба ояндаи нек ва муқаддасоти ватан қувват гирифт.
Аз рӯзҳои аввали Истиқлоли миллӣ то инҷониб чораҳои афзалиятноки инкишофи сиёсии мамлакат андешида шудаанд. Пас аз ба имзо расидани Созишнома дар Тоҷикистон вазъияти мамлакат ба куллӣ дигар шуд. Ҳисси ватанпарастии одамон, боварӣ ба ояндаи нек ва муқаддасоти Ватан қувват гирифт. Гузориши масъалаҳо вобаста ба инобат гирифтани афзалиятҳои манфиатҳои миллӣ дар масъалаҳои дохилӣ дигар шуданд, ки он пеш аз ҳама ба таҳкими сулҳу ваҳдат, барқарор намудани иқтисодиёт, муносибатҳои самарабахши байни миллатҳо, рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ғайра равона гардидаанд, ки дар дарки амиқи афзалиятҳои манфиатҳои миллӣ нақши мусбат мебозанд.
Муносибат ба масъалаҳои мухталифи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бахусус барои кишвари мо, ки даврони рушди истиқлол ва давлатдории навинро аз сар мегузаронад, ҳукми бартарӣ ва зарурати хосаро пайдо намудааст. Зеро мақом ва нақши “ҳимояи манфиатҳо” дар ташаккул ва инкишофи ҷомеа, дар раванди гузариши сиёсӣ хеле барҷаста намудор гаштааст. Аз тарафи дигар, манфиатҳои миллӣ дар инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ мақом ва нақши муассирро соҳибанд.
Нилуфар БАХТАЛИЕВА

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин