Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ПАЁМИ ПЕШВО – РОҲНАМО БАРОИ ҲАР ЯКИ МО

Имрӯз 8 феврали соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Шӯрообод роҷеъ ба паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин баромад намуда, оиди мӯҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар Паёми навбатӣ доир ба ҷараёни корҳои созандагию ободонии кишвар, амалигардонии нақшаву стратегияҳо, барномаҳо ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум ва дар вазъи хеле мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарин қарор доштани инсоният сухан рафта ҳамаи моро водор месозад, ки баҳри иҷрои босифати ҳадафҳои Ҳукумати мамлкат чораандешӣ намоем.
Изҳор карда шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлатро аз ин ҳам ободу зеботар мегардонад.
Ҳамчунин дар паёми имсола доир ба самтҳои натиҷаҳои бадастомада дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ, нақшаҳои бунёдӣ барои давраҳои минбаъда, натиҷаҳои асосии рушди иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2023, дастовард ва мушкилоти соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва роҳҳо, сохтмон, кишоварзӣ, дастовард ва мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, масъалаҳои бонувону занон, ҷавонон ва варзиш), қонуният ва ҳифзи тартибот, сиёсати хориҷӣ сухан рафта, қайд карда шуд, ки соли 2023 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.
Ёдовар шуданд, Пешвои миллат дар паёмашон иброз доштанд, ки бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сафаралӣ Хол ва намояндаи шуъбаи дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинбудаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Абдулҳамид роҷеъ ба масъалаҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз изҳори андеша намуда, зикр намуданд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон таъкид намуданд, ки: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем»

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин