ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
Рӯзи 13-феврали соли 2024 ҷиҳати ба коллективҳои меҳнатӣ фаҳмондани муҳтавои паёми навбатии Асосгузори сулҳу впҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-декабри соли 2023 баён доштанд, вохӯрии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинони деҳаи Кафтари Ҷамоати деҳоти Доғистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол, мудирони шуъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, нозироти андоз, кумитаи идораи замин, сартабиби беморхонаи марказӣ ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ он ҳама масъала ва мавзухое, ки дар паём мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ба саҳми сокинон расонида шуд.
14.02.2024 05:37
133
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Ҷустучӯ дар сомона
© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин