Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Аз инсонҳои пастфитрат ободии Ватанро интизор шудан ғайриимкон аст!

Инсонҳои пасфитрату асолатбохта дар ҳар давру замон вуҷуд дошт ва ин тоифа ҳеҷ гоҳ манфиати давлату миллатро муҳофизат намекунад. Танҳо марому мақсад арзагӯию бадномсозӣ ва ҳақиқатро тобиши таҳкир додан яке аз рукнҳои фаъолияти чунин инсонҳо боқӣ мемонад.
Шояд Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз инсонҳои пасфитрате бошад, ки дар вуҷудаш аз мавҷудияти Ватану ватандорӣ заррае меҳру шафқат нест ва ҳангомасозию бадгӯи яке аз кирдорҳои хеле манфуру ношоям дар вуҷуди ӯ абадан боқӣ мондааст. Ҳарчанд гуноҳӣ ӯ дар содир кардани як қатор ҷинояҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор исбот шудааст, вале ҳамоно мехоҳад бо истифода аз минбари барномаҳои гуногун, ки хусусияти тафриқаандозию бадбинӣ доранд, мехоҳад мардумро ба гумроҳӣ таҳрик созад.
Ҳарчанд аъмоли хиёнаткоронаи ӯву ҳамтоёнаш назди мардум маълум аст,аммо онҳо ҳамоно зери хӯсаи пӯсидаи ба ном ҳизби сиёсии аз саҳнаи сиёсат рондашудаи наҳзати ислом бузургманишӣ мекунанд.
Якчанд рӯз пеш ин хоини асолатбохта-М.Садриддин рӯзи мавлуд дошт ва мо низ дар баробари дигар инсонҳои ватандӯст рӯзи таваллуди ӯро табрик намегӯем, балки таманно мекунем, ки ҳар чӣ зудтар забони ба дурӯғу тавтеа одаткардааш маълул гардад. Зеро ин шахси асолатбохта ҳеҷ гоҳ манфиати миллату давлати моро фикр намекунад ва танҳо дар фикри дастархони сернозу нуз ва дарёфти маблағҳои ҳангуфт барои қонеъ сохтани нафси аҳриманиаш аст.
Инсонҳое, ки ба миллату давлат назари нек надоранд, дер ё зуд аз рӯи аъмолашон назди миллату мардум ҷавоб хоҳанд гуфт ва мешавад рӯзе, ки ин хоини асолатбохта бо кирдорҳои содиркардааш ҳатман назди қонун ҷавоб хоҳад дод. Зеро хиёнатро на давлат мибахшаду на миллат.
Дар баробари ин аз тамоми ҳамватанон даъват меорем, ки ба доми фиреби хиёнаткорони Ватан наафтанд, зеро гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳеҷ гоҳ дар фикри ободию пешрафти кишвари мо нестанд. Танҳо мо бо афкори созанда, илму дониш ва якдилию якдигарфаҳмӣ кишварамонро аз ин дида ободу зебо месозем ва афкори муғризонаи хоинони давлату миллат дар миёни ҷомеаи суннатии мо дигар қабул нест.
Саъдуллоев Р

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин